ЗАБОНОМӮЗӢИмконияти таҳсили ройгон дар Донишгоҳи байналмилалии Малайзия

Имконияти таҳсили ройгон дар Донишгоҳи байналмилалии Малайзия

-

Донишгоҳи байналмилалии Ал-Бухории Малайзия имконияти таҳсилро тариқи бурсия (квота) ба шаҳрвандони камбизоати дунё, аз ҷумла Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Донишгоҳи мазкур аз ҷониби яке аз сарватмандтарин шахсиятҳои Малайзия Сайид Мухтор Ал-Бухорӣ сохта шуда, барои онҳоест, ки шароити пардохти маблағи таҳсилро надоранд. Боиси қайд аст, ки дар донишгоҳи мазкур таълимоти динӣ дода намешавад. Ал Бухорӣ номи муссис ва гуруҳи ширкатҳои ӯ мебошад.

Айни ҳол дар донишгоҳи мазкур 3 донишҷӯи тоҷик тариқи бурсия таҳсил менамоянд.

Бо дарназардошти он, ки сохтори мактаби миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 11-сола, вале дар Малайзия 12-сола аст, барои таҳсил дар Донишгоҳи мазкур шаҳрванди Тоҷикистон бояд як соли дигар (Foundation) таҳсил намояд ва ҷониби малайзиягӣ омода аст таҳсилро дар зинаи “Foundation” ва барои довталабоне, ки забони англисиро дар сатҳи зарурӣ намедонанд, курсҳои забони англисиро ҳангоми таҳсил дар зинаи (Foundation) дар асоси бурсияи Донишгоҳ (пас аз сӯҳбат бо довталаб) пешниҳод намоянд.
Бояд зикр намуд, ки донишҷӯ дар давоми соли аввали хониш (Foundation) ё курси забони англисӣ таҳсил намуда, пас аз нимсолаи аввал танҳо дар асоси натиҷаи имтиҳони забони англисӣ (бояд ҳадди ақал 5.5 холро аз 9 хол аз рӯи IELTS соҳиб шавад) ба бурсияи соли оянда дар риштаи интихобнамудааш дастрасӣ пайдо хоҳад кард.

Довталабон бояд ба чунин талаботҳо ҷавобгӯ бошанд:
• аз 18 то 22 сола;
• муҷаррад бошан;
• аз табақаи камбизоати аҳолӣ бошанд (даромади оилаи онҳо камтар аз 300 доллари ИМА бошад);

Довталабон метавонанд аз рӯи чунин ихтисосҳо ҳуҷҷат супоранд:

1. Bachelor of Business Administration
2. Bachelor of Business Administration (Marketing)
3. Bachelor of Business Administration (Human Resource Management)
4. Bachelor of Economics
5. Bachelor of Finance (Islamic Finance)
6. Bachelor of Computer Science
7. Bachelor of Politics and International Relations
8. Bachelor in Early Childhood Education
9. Bachelor of Elementary Education
10. Bachelor of Media and Communication
11. Bachelor of Social Development
12. Foundation Studies

Довталабон бояд ҳуҷҷатҳои заруриро аз сомонаи www.aiu.edu.my дастрас ва хонапурӣ намоянд ва ё аризаҳоро ба почтаи http//apply.aiu.edu.my ирсол намоянд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
4
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Шӯрои Федератсияи Русия боло бурдани боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷиронро тасдиқ кард

Шӯрои Федератсияи Русия қонунеро тасдиқ намуд, ки тибқи он боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон ба таври назаррас афзоиш меёбанд. Аз...

Шабакаҳои иҷтимоӣ бори аввал аз расонаҳои анъанавӣ пеш гузаштанд

Шабакаҳои иҷтимоӣ аввалин бор дар ҷаҳон ба манбаи асосии дастрасии ҷомеа ба иттилоот табдил ёфта, аз расонаҳои анъанавӣ, аз...

Ёде аз Акашариф Ҷӯраев

Аз "Дараи Камароб", "Ҷон додаракам", “Алла” ва даҳҳо суруди мондагор маҳсули эҷоди Акашариф Ҷӯраев, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ҳастанд. Суруду...

Қонун «Дар бораи авф» мавриди амал қарор гирифт

Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф" мавриди амал қарор гирифт. Нашрияи "Ҷумҳурият" қонунро нашр намуд. Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф"...
spot_imgspot_img

Ҳасану Ҳусейн ҳавопаймои бидуни сарнишин сохтанд

Ҳасан ва Ҳусейн ду навраси дугоник аз шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ҳавопаймои бидуни сарнишин сохтанд. Дар ин кор ба...

Оғози Форуми байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Тоҷикистон

Дар истироҳатгоҳи «Шоҳин»-и шаҳри Гулистон Форуми XI байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» ба кори худ оғоз кард. Ин чорабинӣ...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад