МУВАФФАҚИЯТРӯзи ҷаҳонии яхмос. Кӣ бештар истеъмол мекунад?

Рӯзи ҷаҳонии яхмос. Кӣ бештар истеъмол мекунад?

-

Дар ҷадвали ҷашнҳои ширинӣ — яхмос бешубҳа, дар саросари ҷаҳон ҳаводорони зиёди хешро дорад.

Тибқи тахминҳо, 10 июни соли 1786 дар Иёлоти Муттаҳида фурӯши оммавии яхмос оғоз ёфт. Дуруст аст, ки чунин идҳо ба мақоми расмӣ ниёз надоранд, баръакс, бо эътирофи одамони тамоми сайёра ҷаҳонӣ мешаванд. 

Кӯдакон дар назди яхмосфурӯшӣ. ИМА, соли 1938

Аз соли 1813 инҷониб яхмос газак ё таъоми ҳатмӣ дар маросими савгандёдкунии президенти ИМА шуд.

Аз таърихи яхмос
Гуфта мешавад, ки яхмос таърихи 4-ҳазорсола дорад. 2- ҳазорсолаи пеш аз милод дар Чини қадим сари дастархон шириниҳо мегузоштанд. Яхмос — барф ва яхи омехта бо буридаи афлесун, лимӯ ва донаи анор. Дастури таҳия ва усули нигоҳдорӣ танҳо дар асри XI пеш аз милод дар китоби «Ши ҷинг» махфӣ карда шуд.

Шароб, шарбат, маҳсулоти ширӣ бо омехтаи барфу ях аз кӯҳу пиряхҳоро юнониёни қадим, форсҳои қадим, римиёни қадим истифода мекарданд.

Фалуде, ки яке аз аввалин намунаҳои маъруфи яхмос аст, дар асри 5 пеш аз милод пайдо шудааст.

Тибқи ривоятҳо, Марко Поло дастури таҳияи яхмосро ба Аврупо аз Чин овардааст. Дар асрҳои XIV-XVI як шириние бо истифода аз шири яхкардашуда дар Аврупо паҳн шуд. Муаллифи дастури яхмоси ванилинии яхкардашуда бо шир ва қаймоқ ба ошпази фаронсавӣ Жерар Тирсен тааллуқ дорад. 

«Plombire» (мавқеи пайдоиши он — Plombier-les-Bemes) аз Фаронса омадааст. Ширинипазони Австрия ба ҷаҳон яхмосҳои шоколадӣ пешниҳод намудаанд. Эскимос ибтидои асри 20 дар ИМА пайдо шуд. Кристиан Нелсон ба истеҳсоли яхмосҳои бо шоколад печонидашуда оғоз кард ва ихтироъашро «Эскимо Пие» (Eskimo Pie) номид.

Ҳар се сония дар ҷаҳон касе яхмос мехарад. Иёлоти Муттаҳида аз ҷиҳати истеъмол пешсаф буда, як амрикоӣ солона ҳудуди 20 кг яхмос истеъмол мекардааст.

Мавод бо истифода аз акс ва матолиби интернет таҳия шудааст

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

То ҷашни 35-солагии истиқлоли давлат дар саросари кишвар ҳудуди 30 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ мешавад

Дар саросари кишвар бунёду азнавсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст....

Microsoft гурӯҳи ҳакерии Русияро ба ҳамлаҳо тавассути Wi-Fi-и меҳмонхонаҳо муттаҳам кард

Ширкати Microsoft аз як маъракаи ҳакерӣ хабар дод, ки ба инфрасохтори шабакаҳои Wi-Fi барои меҳмонон дар меҳмонхонаҳо ва марказҳои...

Roblox $70 миллиард арзиши бозории худро аз даст дод

Ширкати Roblox Corporation дар ҳисоботи семоҳаи худ эътироф кард, ки аз моҳи июли соли 2025 то моҳи июли соли...

Telegram барои муддати кӯтоҳ аз App Store ҳазф шуд

Паёмрасони Telegram барои муддати кӯтоҳ аз мағозаи барномаҳои App Store дар саросари ҷаҳон дастнорас гардид. Сабаб он будааст, ки...
spot_imgspot_img

Яндекс барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи тиб ширкати алоҳида таъсис дод

Ширкати "Яндекс" барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ (AI) дар соҳаи тандурустӣ шахси ҳуқуқии алоҳидаеро бо номи "Яндекс мед" ба...

Мактуби Раиси Комиссияи Аврупо ба сарвазири Испания

Пас аз афзоиши вуруди муҳоҷирон ба шаҳри Сеутаи Испания, раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз кишварҳои Иттиҳоди...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад