МУВАФФАҚИЯТВазорати тандурустӣ Қадами Қурбонро ба табобати ройгон фаро гирифт

Вазорати тандурустӣ Қадами Қурбонро ба табобати ройгон фаро гирифт

-

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон сарояндаи маҳаллӣ Қадами Қурбонро дар Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Академияи илмҳо ба номи Ҳомид Мансуров бистарӣ ва ба табобати ройгон фаро гирифт.

Хабарнигори jom.tj субҳи 8 май Қадами Қурбонро дар ин пажӯҳишгоҳ аёдат намуд. Сароянда аз суҳбат дар рӯ ба рӯи дурбин худдорӣ намуда, вазъи сиҳатиашро хуб арзёбӣ кард.

Ба нақли Қадами Қурбон, баъди суҳбат бо блогерон, ки дар хонаи духтараш сурат гирифт, пайвандонаш дубора ба  зодгоҳаш-деҳаи Чагами ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бурданд ва Вазорати тандурустӣ тариқи ёрии таъҷилӣ аз ин деҳа ӯро ба Душанбе расонд. 

Чанд рӯз қабл Қадами Қурбон ба блогерон шикоят кард, ки чаҳор моҳ боз аз дарди ҷонкоҳи қисмати рости шикам  азият мекашаду касе аз дӯстон дари ӯро накуфт. Ӯ дар муроҷиат аз мухлисон ва мардуми Тоҷикистон кумак хост то дастгирӣ намоянд ва ӯ табобат гирад. 

Репсарои тоҷик Шон МС дар репи ахири худ, ки ба Қадами Қурбон бахшидааст, аз дӯстони бевафои ин сароянда ва блогероне, ки  бо истифода аз ҳузури Қадами Қурбон бинандаҳои худро зиёд намуда, даромад ба даст меоварданд, гила кардааст, ки дар бемориаш касе суроғаш накард. Зеро,  ютуб дигар ба блогерон пул намедиҳад.

Довуд Акобиров

Акс аз навор

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
5
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Вазири тандурустӣ аз Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент дидан кард

20-уми октябри соли равон Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо рафти хизматрасонии тиббӣ дар Беморхонаи марказии...

Воридоту содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи сигорҳои электронӣ дар кишвар манъ шуд

Тағйироти ахир ба қонун, истеҳсол, воридот, содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи системаҳои электронии интиқоли никотин, аз ҷумла сигорҳои электрониро...

OpenAI риёзидонҳоро дастгирӣ кард

Пас аз вокуниши шадиди ҷомеаи риёзидонҳо нисбат ба OpenAI, ин ширкат тасмим гирифт, ки ба як фонди дастгирии таҳқиқоти...

Канада тарҳи бунёди ноқили зериобиро барои пайвастшавӣ бо Аврупо баррасӣ мекунад

Ҳукумати Канада тарҳи маблағгузорӣ ва сохтмони хати ноқили зериобии фароатлантикиро меомӯзад, ки Канада ва Аврупоро мустақиман, бидуни убур аз...
spot_imgspot_img

Зане, ки 41 соли умрашро ба сарсабзсозии биёбон бахшид

Ин Юйчжэн як зани деҳотӣ аз шимоли Чин аст, ки барои пешгирӣ аз биёбоншавӣ ва мубориза бо тағйирёбии ҷаҳонии...

Дания паҳн кардани дипфейкҳои воқеинамои чеҳра ва садоиро бе розигии шахс манъ мекунад

Дания ин ҳафта ният дорад лоиҳаи қонунеро пешниҳод кунад, ки паҳн кардани дипфейкҳои воқеинамои чеҳра ва садоиро бе розигии...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад