ҲАЁТИ СОЛИММоҷарои Мбаппе дар Чин

Моҷарои Мбаппе дар Чин

-

Ҳамлагари 27-солаи дастаи «Реал Мадрид» Килиан Мбаппе пас аз мусоҳиба дар барномаи The Bridge ба маркази моҷаро табдил ёфт ва чанд сарпарасти чиниашро аз даст дод. Аз футболбоз пурсиданд, ки кадом мем бо иштироки ӯ бештар хандаовар буд. Мбаппе аксеро интихоб кард, ки дар он чеҳраи ӯро бо тасвири Мао Тсзэдун, раҳбари пешини Чин омезиш дода буданд.

«Ба фикрам, ин роҳбари Чин аст. Вақте бо дӯстонам онлайн бозӣ мекунам, аз ин тасвир бисёр истифода мебарам», — гуфта буд Мбаппе. Ӯ номи ин сиёсатмадорро мустақиман зикр накард. Дар солҳои охир мемҳои монанд бо иштироки Мбаппе маъмул шудаанд.

Пас аз мусоҳиба ин мавзӯъ ба яке аз баҳсҳои доғ дар шабакаи иҷтимоии чинии Weibo табдил ёфт ва 430 миллион дар камтарин вақт тамошо карданд. Корбарон даъват карданд, ки футболбозро бойкот карда, тасвирҳояшро аз рекламаҳо бардоранд.

Намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Чин Го Ҷякун изҳор дошт, ки суханон ва амалҳое, ки эҳсоси мардуми Чинро хатчадор мекунанд, боиси норозигии ҷомеа мешаванд. Ассотсиатсияи футболи Чин низ аз «Реал Мадрид» ва бозигар талаб кард, ки расман узр пурсанд.

Мбаппе зуд вокуниш нишон дод. Ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо забонҳои фаронсавӣ, англисӣ ва чинӣ узр хост. Футболбоз эътироф кард, ки шарҳи ӯ номуваффақ буд ва метавонист сокинони Чин ва ҷомеаҳои чинии берун аз ин кишварро ранҷонад. Ӯ таъкид кард, ки нияти таҳқир кардани касеро надошт ва ба мардуми Чин ва таърихи ин кишвар эҳтиром мегузорад.

Акси Мбапе дар зарфҳои оби нӯшокии ширкати Dongpeng. Акс аз манбаъҳои боз

Бо вуҷуди узрхоҳӣ, футболбоз ба зиёни молӣ дучор шуд. Пас аз моҷаро чанд ширкат шартномаҳои худро бо ӯ қатъ карданд. Аз ҷумла, ширкати истеҳсолкунандаи нӯшокиҳо Dongpeng Beverage Group, ки соҳиби бренди Bu Shui La низ мебошад, ширкати ширии Mengniu ва истеҳсолкунандаи панир Milkground ҳамкориро бо Мбаппе қатъ карданд.

Моҳҳои охир, махсусан дар ҷараёни Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026, рекламаҳои Bu Shui La бо иштироки Мбаппе дар лавҳаҳои таблиғотӣ ва автобусҳои шаҳрҳои Чин ҷой дода мешуданд.

Шабакаи иҷтимоии RedNote низ ба ҳазфи маводи таблиғотии марбут ба футболбози фаронсавӣ оғоз кард ва имкони обуна шудан ба саҳифаи ӯро маҳдуд намуд. Ҳарчанд ҳамкории ин шабака бо Мбаппе моҳи декабри соли 2024 ба анҷом расида буд.

Тасвири Мбапе дар нақлиётии ҷамъиятии Чин. Акс аз манбаъҳои боз

Рӯзномаи тайвании United Daily News тахмин кардааст, ки шартномаҳои Мбаппе бо ширкатҳои чинӣ метавонистанд ба ӯ ҳар сол аз 6 то 10 миллион доллар даромад оваранд. Барои муқоиса, маҷаллаи Forbes даромади тиҷоратии ӯро дар соли 2026 тақрибан 30 миллион доллар арзёбӣ карда буд.

Ширкати On нашрияҳои таблиғотиро ҳазф кард, аммо ҳамкориро идома медиҳад

Истеҳсолкунандаи швейтсарии либос ва пойафзоли варзишӣ On Holding низ нашрияҳои дорои тасвири Мбапперо аз шабакаҳои иҷтимоии Чин ҳазф кард, вале ҳамкории нав оғозшудаашро бо футболбоз қатъ накард.

Ширкат аз узрхоҳии ӯ истиқбол карда, эҳтироми худро ба Чин изҳор намуд.

Мбаппе моҳи сентябри соли 2026 аз ширкати Nike ба On гузашт. Шартномаи дарозмуддати ӯ пардохтҳои молиявӣ ва саҳм дар сармояи ширкатро пешбинӣ мекунад. Аммо моҷаро ба фаъолияти On низ таъсир расонд. Дар савдои рӯзи 27 октябр арзиши саҳмияҳои ширкат то 6 дарсад коҳиш ёфт. Баъдтар ин коҳиш тақрибан ба 3,5 дарсад расид.

Пахши бозиҳои Ла Лига дар Чин боздошта шуд

Оқибатҳои моҷаро ба чемпионати Испания низ расиданд. Ширкати давлатии расонаии Чин — CCTV — пахши бозиҳои Ла Лигаро муваққатан боздошт. Ҳамзамон, рекламаҳо ва наворҳои дорои тасвири Мбаппе низ аз барномаҳои он хориҷ карда шуданд.

Аз соли 2024 инҷониб CCTV ҳар давр ду бозии чемпионати Испанияро тавассути телевизиони дастраси умум намоиш медод.

Аммо шарики асосии рақамии Ла Лига дар Чин — платформаи пахши мустақими China Mobile Migu — то ҳол дар бораи боздоштани ҳамкорӣ хабар надодааст.

Моҳи августи соли 2026 тарафҳо шартномаи чорсоларо ба имзо расонда буданд, ки то анҷоми мавсими 2029/30 амал мекунад. Он пахши ҳамаи 380 бозии ҳар мавсим, шарҳҳо, лаҳзаҳои ҷолиб ва наворҳои кӯтоҳро дар бар мегирад.

Нашрияи тиҷоратии испании Palco23 арзиши ин шартномаро солона 130 миллион евро ҳисоб кардааст. Аз ин рӯ, аз даст додани чунин шарик метавонист барои Ла Лига паёмадҳои ҷиддитар дошта бошад.

Пас аз моҷаро Ла Лига аз мухлисони чинии футбол узр пурсид ва таъкид кард, ки суханони Мбаппе мавқеи расмии ин мусобиқаро инъикос намекунанд. Президенти Ла Лига Хавйер Тебас низ шахсан узр хоста, эҳтироми худро ба Чин, ниҳодҳои давлатӣ ва мардуми он изҳор намуд. Ӯ ҳамчунин барои эътимоде, ки дар тӯли солҳои зиёд ба футболи Испания нишон дода шудааст, изҳори сипос кард.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Эрон бо истифода аз дрону мушакҳои баллистикӣ ба 4 пойгоҳи амрикоӣ дар Баҳрайн зарба зад

Эрон шоми 21 ноябр бо истифодаи дрону мушакҳои баллистикӣ ба 4 пойгоҳи амрикоӣ дар Баҳрайн зарба зад. Дар ин ҷо қароргоҳи...

Ҳамлаҳои ҳакерӣ ба Маркази миллии иттилооти ҷиноятии ФБР: ҳакерҳо ба маълумот дастрасӣ пайдо кардаанд

Расонаҳои амрикоӣ хабар доданд, ки эҳтимолан ҳакерҳо ба Маркази миллии иттилооти ҷиноятии ФБР (NCIC) ворид шуда, ба маълумоти он...

Ҳуши маснӯӣ ва яке аз муаммоҳои бузурги риёзиёт

Риёзидон Левент Алпёге изҳор доштааст, ки бо ёрии чат-боти Claude тавонистааст исботи яке аз ҳафт масъалаи Ҳазорсолаи математика -...

Тоҷикистон уҳдадорӣ гирифтааст, ки 2 миллиард бех дарахт шинонад

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки дар Осиёи Марказӣ платформаи минтақавии инноватсияҳои сабз таъсис дода шавад. Ҳадаф аз ин ташаббус ҷалби...
spot_imgspot_img

Сардори Хадамоти алоқа: муроҷиатҳои шаҳрвандонро сари вақт баррасӣ намоянд!

Исфандиёри Саъдулло, сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон аз ширкатҳои «Вавилон-Мобайл» ва «Вавилон-Т» боздид карда, бо вазъи шабакаҳо, сифати...

Хотираи чашмаҳои хушкшуда

Набиҷони Саидаброр ҳамагӣ 26 сол дорад, вале чашмаҳоеро, ки дар деҳаи Садбарго хушк шуданд, ба ёд оварда метавонад. Замоне...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад