Барномаи байналмилалии арзёбии хонандагон (PISA)-и Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд ҳар се сол малакаҳои хонандагони 15-соларо дар самтҳои хониш, риёзӣ ва илмҳои табиӣ тавассути санҷиши стандартӣ арзёбӣ мекунад.
Ҳисоботи охирини ин барнома, ки аввали моҳи сентябр нашр шуд, аз коҳиши нигаронкунандаи сатҳи дониши хонандагон дар ҷаҳон, бахусус дар риёзиёт ва хониш дарак медиҳад. Зеҳни сунъӣ смартфонҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷумлаи омилҳои эҳтимолии ин коҳиш номбар мешаванд.
«Хулоса хеле одӣ аст: танҳо тамошо кардани варзиш инсонро исман қавӣ намесозад то шахс ба варзиш машғул нашавад.», — гуфтааст Андреас Шляйхер, асосгузори санҷишҳои маъруфи PISA дар мусоҳиба бо Euronews.
«Дониш замоне такмил меёбад, ки инсон бо ғояҳо кор мекунад, онҳоро ба ҳам муқоиса менамояд ва месанҷад. Маҳз ҳамин равандест, ки зеҳни сунъӣ метавонад онро аз мазмуни аслиаш холӣ кунад. Мо ҳоло ҳамин ҳолатро мушоҳида мекунем»,-нигаронӣ намудааст Андреас Шляйхер.



