ОЛАМИ МАҶОЗӢРусия барои рушди роҳҳалҳои зеҳни сунъӣ ҳамасола то 10...

Русия барои рушди роҳҳалҳои зеҳни сунъӣ ҳамасола то 10 миллиард рубл бурсия ё қарзҳои имтиёзнок ҷудо мекунад

-

Пешниҳод шудааст, ки барои рушди роҳҳалҳои зеҳни сунъӣ ҳамасола то 10 миллиард рубл дар шакли грант ва қарзҳои имтиёзнок ҷудо карда шавад. Ин тадбир на танҳо барои моделҳои «мустақил» ва «миллӣ», балки барои роҳҳалҳои нисбатан маҳдуди зеҳни сунъӣ низ пешбинӣ мешавад. Бизнес аз ин идея пуштибонӣ мекунад, аммо мунтазири меъёрҳои возеҳтару муфассалтар барои гирифтани чунин кумак аст.

Вазорати рушди рақамии Русия қасд дорад барои лоиҳаҳо дар соҳаи зеҳни сунъӣ тадбирҳои молиявии дастгирӣ ҷорӣ кунад, ки қарздиҳии имтиёзнок ва грантҳо барои озмоиши пилотии роҳҳалҳои зеҳни сунъиро дар бар мегиранд. Ҳаҷми умумии маблағгузорӣ метавонад ба 10 миллиард рубл дар як сол расад, 8 миллиард рубл барои таҳия ва 2 миллиард рубл барои иқтидори ҳисоббарорӣ. 

Дар доираи механизми аввал ба созмонҳои русӣ тавассути бонкҳо қарзҳои имтиёзнок барои таҳия, татбиқ ва густариши роҳҳалҳои зеҳни сунъӣ пешниҳод карда мешаванд. Ин механизм ба барномаҳои амалкунандаи дастгирии соҳаи технологияҳои иттилоотӣ монанд хоҳад буд. Сохтори хароҷоти мақсаднок ба хусусиятҳои лоиҳаҳои зеҳни сунъӣ мутобиқ карда шуда, аз ҷумла ташкили инфрасохтори ҳисоббарорӣ, таҳия ва санҷиши маҷмӯаҳои додаҳо, инчунин омӯзиши иловагии моделҳоро дар бар мегирад.

Механизми дуюм — дастгирии грантии озмоиши пилотии роҳҳалҳои зеҳни сунъӣ мебошад, ки «шабеҳе надошта бошанд» ва барои соҳаҳои афзалиятноки иқтисод, бахши иҷтимоӣ ва идоракунии давлатӣ пешбинӣ шудаанд. Интизор меравад, ки оператори интихоби грантҳо Фонди рушди технологияҳои иттилоотии Русия (РФРИТ) бошад. Ҳаҷми грант метавонад то 80 фоизи арзиши лоиҳаро пӯшонад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Тоҷикистон уҳдадорӣ гирифтааст, ки 2 миллиард бех дарахт шинонад

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки дар Осиёи Марказӣ платформаи минтақавии инноватсияҳои сабз таъсис дода шавад. Ҳадаф аз ин ташаббус ҷалби...

Сардори Хадамоти алоқа: муроҷиатҳои шаҳрвандонро сари вақт баррасӣ намоянд!

Исфандиёри Саъдулло, сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон аз ширкатҳои «Вавилон-Мобайл» ва «Вавилон-Т» боздид карда, бо вазъи шабакаҳо, сифати...

Хотираи чашмаҳои хушкшуда

Набиҷони Саидаброр ҳамагӣ 26 сол дорад, вале чашмаҳоеро, ки дар деҳаи Садбарго хушк шуданд, ба ёд оварда метавонад. Замоне...

Навсозии номуваффақи Apple дар пасманзари як қатор қатъшавиҳои бузурги хизматрасониҳо дар рӯзҳои охир боис шуд

Пас аз насби навсозӣ аз ҷониби Apple, як қатор хизматрасониҳои он дар интернет ба таври васеъ аз кор монданд....
spot_imgspot_img

Дар Қазоқистон «риелторҳо»-ро аз даромати муфт маҳрум мекунанд

Дар Қазоқистон мехоҳанд риелторҳо аз шахсоне, ки онҳоро киро накардаанд, ҳаққи хизмат нагиранд. Зеро, ин амал қариб ба як меъёр...

СММ ва Попи Рум Лео XIV даъват карданд, ки кишварҳо қоидаҳои сахттарро барои силоҳҳои худмухтор мувофиқа намоянд, то онҳо бе иштироки инсон дар бораи...

Ахиран таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба роботҳои қотил ва ҳавопаймоҳои бесарнишини ҷангӣ равона шудааст. Намояндагони ҳукуматҳо баҳсҳоро фаъолтар намуда, дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад