
Неъматулло Ғиёсов, хонандаи синфи 11-и мактаби №3 — и шаҳри Хуҷанд аст. Ӯ дар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» бо як дастоварди техникии худ ширкат намуд. Неъматулло бесарнишини заминӣ сохт, ки метавонад чанд вазифаро иҷро кунад.
Ба гуфтаи Неъматулло, яке аз вазифаҳои пешбинишудаи дастгоҳ аз замин муайян ва дар ҳаво несту нобуд кардани ҳадафи душман мебошад. Барои ин дар дастгоҳ ракетаҳо пешбинӣ шудаанд, ки ҳоло ҳар кадоми онҳо то 500 метр масофа парвоз карда метавонанд.
Дастгоҳ дорои ҳаракатдиҳандаи 4WD (X-Drive) буда, ҳар чор чархаш баробар ҳаракат мекунанд. Қисми болоии он низ ба монанди манораи танк метавонад 360 дараҷа чарх занад.
«Бесарнишинро бо истифода аз тахта сохта, барои сохтани он тақрибан се моҳ вақт сарф кардем. Ҳангоми кор болои лоиҳа ба онҳо идеяи истифодаи системаи 4WD пайдо шуд, то техника тавонад дар роҳҳои мушкилгузар низ ҳаракат мекунад. Сохти дастгоҳ нисбатан содда буда, пулти идоракунии он то 2 километр масофа кор мекунад. Раванди ҳаракат ва кори дастгоҳ тавассути камераи FPV ва монитор назорат карда мешавад.», — гуфт ин навраси ихтироъкор.
Неъматулло нақл мекунад, ки идеяи истифодаи ин дастгоҳ барои дигар мақсадҳо низ дар оянда вуҷуд дорад. Аз ҷумла, онҳо мехоҳанд онро такмил дода, барои истифода дар низоми «Яндекс Доставка» мутобиқ созанд. Ин идея ва тавсияҳои техникиро омӯзгораш Ҷалол Раҳимов ба ӯ додааст.






