ҲАЁТИ СОЛИМВазорати маорифи Миср китобҳои дарсиро бознигарӣ кард. Чаро?

Вазорати маорифи Миср китобҳои дарсиро бознигарӣ кард. Чаро?

-

Бо баҳонаи аз барномаҳои таълимӣ хориҷ кардани маводҳое, ки ба зӯроварӣ ташвиқ мекунанд, Вазорати маорифи Миср  як қатор дарсҳои дар барномаҳои таълимӣ пешбинишударо ҳазф кардааст. 

Тибқи иттилои Aljazeera, масъулони соҳаи маориф аз китоби таърихи Уқба ибни Нофеъ — фармондеҳе, ки сарзаминҳои Мағриби Арабро фатҳ карда буд ва омӯзиши он барои хонандагони синфи якуми мактаби миёна пешбинӣ шуда буд, 6 фаслро ҳазф карданд. Ин ҳаҷм тақрибан ба нисфи тамоми маводи дарсӣ баробар будааст.

Ҳамчунин аз барномаи забони арабӣ барои синфи панҷуми ибтидоӣ дарси марбут ба Салоҳуддини Айюбӣ, фармондеҳи низомие, ки Қудсро озод карда ва давлати Айюбиёнро таъсис додааст,  хориҷ карда шудааст.

Сухангӯи Вазорати маорифи Миср Амонӣ Зарғам гуфтааст, ки вазорат ба хулоса омадааст, қисматҳои ҳазфшуда ба зӯроварӣ ташвиқ мекунанд.

Бахши сеюми фанни омӯзиши ҷомеашиносӣ барои синфи дуюми мактаби миёна низ бо номи «Хилофати исломӣ дар давраи Умавиён ва Аббосиён» аз барнома хориҷ карда шудааст.

Гурӯҳи кории ислоҳоти барномаҳои таълимӣ фаъолияти худро ба 30 китоби дарсӣ, ки дар соли таҳсили ҷорӣ таълим дода мешаванд, густариш додааст. Ҳамзамон, кор барои тағйир додани тақрибан 1290 китоби нави дарсӣ дар се соли оянда идома дорад.

Дар муқобил, дар нусхаҳои нави китоби омӯзиши ҷомеашиносӣ барои синфи сеюми мактаби миёна тавсифи «воҳиди сионистӣ ҳамчун душман» дигар вуҷуд надорад. Ба ҷои он дар бораи бартариҳои сулҳ, хотима додан ба низоъ ва таъсири мусбати он ба рушди Миср сухан меравад.

Исроил аз ин тағйирот истиқбол кардааст. Дар ин робита таҳқиқоте бо номи «Сулҳ бо Исроил дар китобҳои дарсии Миср» нашр шуда, ки дар маҷаллаи «Арзёбиҳои стратегӣ»,-нашрияи Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти амнияти миллии Исроил ба табъ расидааст.

Барномаи таълимии Амороти Муттаҳидаи Араб таҳаммулпазирӣ нисбат ба яҳудиён ва Исроилро ташвиқ мекунад, аммо Исроилро дар харитаҳо нишон намедиҳад.
Дар гузориши Пажӯҳишгоҳи мониторинги сулҳ ва таҳаммулпазирии фарҳангӣ дар таҳсилоти мактабӣ бо номи «Вақте сулҳ ба мактаб меравад: барномаи таълимии Аморот дар солҳои 2016–2021» 220 китоби дарсии арабӣ, ки дар мактабҳои давлатии синфҳои 1–12 истифода мешаванд, мавриди таҳлил қарор гирифтаанд. Ин китобҳо фанҳои тарбияи шаҳрвандӣ, таърих, адабиёти арабӣ ва таълими исломиро дар бар мегиранд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Зане, ки 41 соли умрашро ба сарсабзсозии биёбон бахшид

Ин Юйчжэн як зани деҳотӣ аз шимоли Чин аст, ки барои пешгирӣ аз биёбоншавӣ ва мубориза бо тағйирёбии ҷаҳонии...

Дания паҳн кардани дипфейкҳои воқеинамои чеҳра ва садоиро бе розигии шахс манъ мекунад

Дания ин ҳафта ният дорад лоиҳаи қонунеро пешниҳод кунад, ки паҳн кардани дипфейкҳои воқеинамои чеҳра ва садоиро бе розигии...

Нетаняҳу талаб кард, ки номи сарбозону афсарони дар филми мустанади NAZA назар додаанд, ошкор ва нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноӣ боз гардад

Сарвазири Исроил дастур додааст, ки шахсияти афсароне, ки дар филми мустанади NAZA мусоҳиба додаанд, ошкор карда шавад. Ин филм...

Ҷаласа ҷиҳати омодагиҳо ба даври сеюми Озмуни «Тоҷикистон — Ватани азизи ман»

12-уми октябри соли 2026 дар Вазорати фарҳанг бо иштироки Дилрабо Мансурӣ, муовини Сарвазири Тоҷикистон, ки ҳамзамон раиси Комиссияи Озмуни...
spot_imgspot_img

17 хатари ҷаҳонӣ ба саломатии инсон: истифодаи қасдонаи зеҳни сунъӣ яке аз онҳост

Истифодаи қасдонаи зеҳни сунъӣ ё ҷанги ҳастаӣ метавонад то соли 2100 ба мавҷудияти инсоният дар шакли имрӯзаи он хотима...

Бозори саҳомии ширкатҳои технологии ИМА пас аз хабарҳо дар бораи даромади OpenAI барқарор мешавад

Ахиран фючерсҳои саҳмияҳои ширкатҳои технологии Амрико пас аз коҳишёбӣ дубора боло рафтанд. Сабаби ин тағйирот хабар дар бораи он...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад