ҲАЁТИ СОЛИМВазорати маорифи Миср китобҳои дарсиро бознигарӣ кард. Чаро?

Вазорати маорифи Миср китобҳои дарсиро бознигарӣ кард. Чаро?

-

Бо баҳонаи аз барномаҳои таълимӣ хориҷ кардани маводҳое, ки ба зӯроварӣ ташвиқ мекунанд, Вазорати маорифи Миср  як қатор дарсҳои дар барномаҳои таълимӣ пешбинишударо ҳазф кардааст. 

Тибқи иттилои Aljazeera, масъулони соҳаи маориф аз китоби таърихи Уқба ибни Нофеъ — фармондеҳе, ки сарзаминҳои Мағриби Арабро фатҳ карда буд ва омӯзиши он барои хонандагони синфи якуми мактаби миёна пешбинӣ шуда буд, 6 фаслро ҳазф карданд. Ин ҳаҷм тақрибан ба нисфи тамоми маводи дарсӣ баробар будааст.

Ҳамчунин аз барномаи забони арабӣ барои синфи панҷуми ибтидоӣ дарси марбут ба Салоҳуддини Айюбӣ, фармондеҳи низомие, ки Қудсро озод карда ва давлати Айюбиёнро таъсис додааст,  хориҷ карда шудааст.

Сухангӯи Вазорати маорифи Миср Амонӣ Зарғам гуфтааст, ки вазорат ба хулоса омадааст, қисматҳои ҳазфшуда ба зӯроварӣ ташвиқ мекунанд.

Бахши сеюми фанни омӯзиши ҷомеашиносӣ барои синфи дуюми мактаби миёна низ бо номи «Хилофати исломӣ дар давраи Умавиён ва Аббосиён» аз барнома хориҷ карда шудааст.

Гурӯҳи кории ислоҳоти барномаҳои таълимӣ фаъолияти худро ба 30 китоби дарсӣ, ки дар соли таҳсили ҷорӣ таълим дода мешаванд, густариш додааст. Ҳамзамон, кор барои тағйир додани тақрибан 1290 китоби нави дарсӣ дар се соли оянда идома дорад.

Дар муқобил, дар нусхаҳои нави китоби омӯзиши ҷомеашиносӣ барои синфи сеюми мактаби миёна тавсифи «воҳиди сионистӣ ҳамчун душман» дигар вуҷуд надорад. Ба ҷои он дар бораи бартариҳои сулҳ, хотима додан ба низоъ ва таъсири мусбати он ба рушди Миср сухан меравад.

Исроил аз ин тағйирот истиқбол кардааст. Дар ин робита таҳқиқоте бо номи «Сулҳ бо Исроил дар китобҳои дарсии Миср» нашр шуда, ки дар маҷаллаи «Арзёбиҳои стратегӣ»,-нашрияи Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти амнияти миллии Исроил ба табъ расидааст.

Барномаи таълимии Амороти Муттаҳидаи Араб таҳаммулпазирӣ нисбат ба яҳудиён ва Исроилро ташвиқ мекунад, аммо Исроилро дар харитаҳо нишон намедиҳад.
Дар гузориши Пажӯҳишгоҳи мониторинги сулҳ ва таҳаммулпазирии фарҳангӣ дар таҳсилоти мактабӣ бо номи «Вақте сулҳ ба мактаб меравад: барномаи таълимии Аморот дар солҳои 2016–2021» 220 китоби дарсии арабӣ, ки дар мактабҳои давлатии синфҳои 1–12 истифода мешаванд, мавриди таҳлил қарор гирифтаанд. Ин китобҳо фанҳои тарбияи шаҳрвандӣ, таърих, адабиёти арабӣ ва таълими исломиро дар бар мегиранд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...

Шаршараи Ниагара рангҳои парчами давлатии Тоҷикистонро ба худ гирифт

Сафорати Тоҷикистон дар Амрико хабар медиҳад, ки ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон шаршараи боҳашамати Ниагара рангҳои парчами давлатии...

Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак!

9 сентябр — Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак бод! 35 сол қабл халқи мо роҳи худро интихоб кард —...

Ню-Йорк истифодаи зеҳни сунъиро барои хонандагони синфҳои поёнӣ барои як сол манъ мекунад

Дар шаҳри Ню-Йорк истифодаи абзорҳои тавлидкунандаи зеҳни сунъӣ барои хонандагони мактабҳои ибтидоӣ ва миёна дар соли таҳсили ҷорӣ манъ...
spot_imgspot_img

Вазири корҳои дохилӣ аз “Шаҳри ҳушманд” дидан кард

КВД “Шаҳри ҳушманд” ё Smart City Dushanbe иттилоъ медиҳад, ки 6 сентябр Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар аз маркази...

Дар бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ чӣ гузашт?

Намоишгоҳи IFA 2026 дар Берлин чӣ гуна гузашт? IFA бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ ва...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад