МУВАФФАҚИЯТТоҷикистон ба SpaceX/Starlink харитаи роҳи ҳамкориро пешниҳод намуд

Тоҷикистон ба SpaceX/Starlink харитаи роҳи ҳамкориро пешниҳод намуд

-

Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон бо дастаи SpaceX/Starlink мулоқоти кории онлайн баргузор намуд. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳоро пас аз оғози расмии фаъолияти Starlink дар Тоҷикистон баррасӣ карданд.
Агентӣ лоиҳаи Харитаи роҳи ҳамкориро пешниҳод намуд, ки истифодаи интернети моҳворавӣ барои муассисаҳои соҳаҳои тандурустию маориф, хизматрасониҳои давлатӣ, ташкилотҳои давлатӣ дар минтақаҳои дурдаст, татбиқи зеҳни сунъӣ, рушди харитасозии рақамӣ ва инфрасохтори ҳисоббарории «сабз»-ро дар бар мегирад.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки корро оид ба таҳия ва татбиқи Харитаи роҳ идома дода, оғози фаъолияти Starlink-ро заминаи муҳими рушди шарикии дарозмуддати технологӣ арзёбӣ намуданд.
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Lenovo 33 соат бидуни пуркунии дубораи барқ кор кунад

Lenovo фурӯши ҷаҳонии ноутбуки нави IdeaPad 5 2-in-1 14Q8Y11-ро дар асоси платформаи Qualcomm Snapdragon X2 оғоз кард.  Вазни ин...

Доварони тоҷик дар семинари элитаи Конфедератсияи футболи Осиё

Дар Маркази миллии футболи шаҳри Тошканд семинари доварони элитаи Конфедератсияи футболи Осиё ҷараён дорад, ки дар он 92 довар...

То ҷашни 35-солагии истиқлоли давлат дар саросари кишвар ҳудуди 30 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ мешавад

Дар саросари кишвар бунёду азнавсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст....

Microsoft гурӯҳи ҳакерии Русияро ба ҳамлаҳо тавассути Wi-Fi-и меҳмонхонаҳо муттаҳам кард

Ширкати Microsoft аз як маъракаи ҳакерӣ хабар дод, ки ба инфрасохтори шабакаҳои Wi-Fi барои меҳмонон дар меҳмонхонаҳо ва марказҳои...
spot_imgspot_img

Roblox $70 миллиард арзиши бозории худро аз даст дод

Ширкати Roblox Corporation дар ҳисоботи семоҳаи худ эътироф кард, ки аз моҳи июли соли 2025 то моҳи июли соли...

Telegram барои муддати кӯтоҳ аз App Store ҳазф шуд

Паёмрасони Telegram барои муддати кӯтоҳ аз мағозаи барномаҳои App Store дар саросари ҷаҳон дастнорас гардид. Сабаб он будааст, ки...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад