
Либосҳои тавсиявиро Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон пешниҳод мекунад, ки бояд дар муассисаҳои олӣ ва макотиби таҳсилоти миёна илмомӯзон ба бар кунанд. Вале шакли он дар мактабҳо аз ҷониби кумитаи падару модарон мушаххас мегардад. Ба таъкиди Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон чигунагии шакли либоси мактабӣ аз ҷониби кумитаи падару модарон муқаррар мегардад. Дар ҳамин ҳол, Бадриддин Музаффарзода, муовини вазири маориф ва илм мегӯяд, фурӯши либоси мактабӣ дар ҳудуди муассисаҳои таълимӣ ва аз ҷониби директорону роҳбарони синф иҷозат дода намешавад.



