ҲАЁТИ СОЛИМКадом корҳо барои занон иҷоза нест?

Кадом корҳо барои занон иҷоза нест?

-

Раҷаб Раҷабов, Сардори раёсати муносибаҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолии Вазорат меҳнат мегӯяд, ҳоло 194 навъи кор барои занон манъ аст ва ин рӯйхат бознигарӣ шуда, номгӯи маҳдудиятҳо боз ҳам кам мешавад.То се соли қабл занон наметавонистанд ба 334 кор ё шуғл машғул шаванд. Ҳукумати кишвар декабри соли 2023 рӯйхати навро қабул кард ва баъзе маҳдудиятҳоро коҳиш дод, аммо манъи кор дар бахшҳои истихроҷи маъдан, нақбканӣ, кафшергарӣ, корҳои зери замин ва баъзе касбҳои техникӣ ҳанӯз боқӣ мондааст.
Ҳукумати Тоҷикистон рӯйхати корҳои “мамнуъ” барои занонро камтар кардааст. Агар то ин вақт 334 намуд кор барои занон манъ буд, пас ҳоло ин шумора то 194 кам шудааст.
Бар асоси ин феҳраст, занон ҳаққи кор дар бахши истихроҷи маъдан, кафшергарӣ ва нақбканиро надоранд. Аммо ҳомиёни ҳуқуқ аз ҷумла Созмони Милал вуҷуди ин рӯйхатро нақзи ҳуқуқи занон гуфта, борҳо аз ҳукумати Тоҷикистон талаб кардаанд, ки онро бекор кунад.

Кумитаи маҳви табъиз ва хушунат ба зидди занони СММ борҳо аз кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон талаб кардааст, ки рӯйхати корҳои манъшуда барои занонро бекор созанд.

Бар асоси рӯйхати нав, занон наметавонанд харрот, пармагар, нақбкан, кӯҳкан, устои бомбпӯш, наҷҷор, челонгари барқӣ бошанд. Барои ҷалби занон ба чунин корҳо корфармо метавонад ҷавобгар шавад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

То ҷашни 35-солагии истиқлоли давлат дар саросари кишвар ҳудуди 30 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ мешавад

Дар саросари кишвар бунёду азнавсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст....

Microsoft гурӯҳи ҳакерии Русияро ба ҳамлаҳо тавассути Wi-Fi-и меҳмонхонаҳо муттаҳам кард

Ширкати Microsoft аз як маъракаи ҳакерӣ хабар дод, ки ба инфрасохтори шабакаҳои Wi-Fi барои меҳмонон дар меҳмонхонаҳо ва марказҳои...

Roblox $70 миллиард арзиши бозории худро аз даст дод

Ширкати Roblox Corporation дар ҳисоботи семоҳаи худ эътироф кард, ки аз моҳи июли соли 2025 то моҳи июли соли...

Telegram барои муддати кӯтоҳ аз App Store ҳазф шуд

Паёмрасони Telegram барои муддати кӯтоҳ аз мағозаи барномаҳои App Store дар саросари ҷаҳон дастнорас гардид. Сабаб он будааст, ки...
spot_imgspot_img

Яндекс барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи тиб ширкати алоҳида таъсис дод

Ширкати "Яндекс" барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ (AI) дар соҳаи тандурустӣ шахси ҳуқуқии алоҳидаеро бо номи "Яндекс мед" ба...

Мактуби Раиси Комиссияи Аврупо ба сарвазири Испания

Пас аз афзоиши вуруди муҳоҷирон ба шаҳри Сеутаи Испания, раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз кишварҳои Иттиҳоди...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад