МУВАФФАҚИЯТМуовини вазири маориф ва илм: Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ...

Муовини вазири маориф ва илм: Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» шаффоф баргузор мегардад

-

Равшан Каримзода, муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» шаффоф баргузор мегардад ва ҳама гуна шикоятҳое, ки ба онҳо ворид гардид, қонеъ намуданд.
Озмун соли ҳаштум аст, ки таҳти сарпарастии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Имсол маблағгузорӣ афзуд. Яъне, соли 2026 барои озмун 8 миллиону 290 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид, ки нисбат ба соли гузашта 1 миллиону 620 ҳазор сомонӣ зиёд аст.
Озмун аз чор давр иборат аст, ки аввал дар сатҳи мактабҳо ва муассисаҳои таълимӣ, баъдан дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо гузаронида мешавад. Номзадҳои беҳтарин ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ меёбанд.
Озмун аз рӯи шаш номинатсия баргузор мешавад.
• адабиёти кӯдакон ва наврасон;
• адабиёти классикии тоҷик;
• адабиёти муосири тоҷик;
• адабиёти ҷаҳон;
• эҷоди назм;
• эҷоди наср.
Дар ҳар номинатсия, иштирокдорон китобҳои муайянро мутолиа карда, дониш ва дарки худро аз онҳо пешниҳод мекунанд.
Ғолибон дар даври ҷумҳуриявӣ бо ҷоизаҳои пулӣ ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ мешаванд. Ин иқдом инчунин барои эътирофи ҷавонон дар сатҳи давлатӣ мусоидат мекунад.

 

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Чин барои кишварҳои БРИКС «минтақаи зеҳни сунъии дорои манбаи боз» таъсис медиҳад

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин рӯзи якшанбе дар нишасти кишварҳои БРИКС дар Деҳлӣ изҳор дошт, ки Чин ташкили...

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад