МУВАФФАҚИЯТРӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод. Қатънома...

Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод. Қатънома бо ташаббуси Тоҷикистон қабул шуд

-

31 августи соли 2026 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъномаи “Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод”-ро қабул намуд. Тибқи муқаррароти қатънома, оғоз аз соли 2027 ҳамасола 31 август ҳамчун Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод таҷлил карда мешавад.

Интихоби 31 август ҳамчун Рӯзи байналмилалӣ аҳамияти таърихӣ дорад, зеро 31 августи соли 1955 “Лоиҳаи тобистонаи таҳқиқотии Донишгоҳи Дартмут оид ба зеҳни сунъӣ” (The Dartmouth Summer Research Project on Artificial Intelligence) пешниҳод гардид, ки ба ҳайси яке аз ташаббусҳои муҳими илмӣ дар ташаккули зеҳни сунъӣ ҳамчун соҳаи мустақили таҳқиқотӣ ва пайдоиши истилоҳи «зеҳни сунъӣ» маъруф аст.

Дар қатънома аз ниҳодҳо, барномаҳо ва фондҳои СММ, аз ҷумла Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия, Дафтари СММ оид ба технологияҳои рақамӣ ва зуҳуркунанда, Бонки технологии СММ барои кишварҳои камтараққӣ ва ЮНЕСКО ҷиҳати мусоидат ба кишварҳои узв дар таҳияи барномаҳои тақвияти иқтидори марбут ба зеҳни сунъӣ ва таҷлили солонаи Рӯзи байналмилалӣ даъват ба амал оварда шудааст.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барои ворид шудан ба Қазоқистон бояд иҷозаи электронии вуруд гирифт

Шаҳрвандони кишварҳое, ки бо Қазоқистон низоми бидуни раводид доранд, барои ворид шудан ба ин кишвар бояд иҷозаи электронии вуруд...

Apple 9 сентябр аввалин смартфони қатшавандаи худро муаррифӣ мекунад

Директори ояндаи Apple Ҷон Тернус аввалин смартфони қатшавандаи ширкатро муаррифӣ мекунад, ки интизор меравад то охири сол ба фурӯш...

Чин роботи «нозири роҳ»-ро ҷалб мекунад

Ин робот ба «RoboCop»-и филми солҳои 80-уми монанд нест, на силоҳ дорад, на ҳуқуқи боздошт. Ба ҷойи қадамзанӣ рӯйи...

Эмомалӣ Раҳмон: Истифодаи беназорати телефонҳои ҳушманд ба солимии равонӣ ва таҳсили хонандагон зарар мерасонад

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии...
spot_imgspot_img

Вазорати маорифи Миср китобҳои дарсиро бознигарӣ кард. Чаро?

Бо баҳонаи аз барномаҳои таълимӣ хориҷ кардани маводҳое, ки ба зӯроварӣ ташвиқ мекунанд, Вазорати маорифи Миср  як қатор дарсҳои...

Ширкатҳо дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз қарорҳои бар асоси зеҳни сунъиро ба истифодаи саноатӣ тақрибан ду баробар бештар аз ҳамтоёни худ дар дигар кишварҳои...

Ширкатҳои минтақа ба шарофати таҷрибаҳои нав ва сатҳи баланди рақамикунонӣ истифодаи зеҳни сунъиро дар тиҷорат босуръат густариш медиҳанд, аммо...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад