ҲАЁТИ СОЛИМБарои ҳифзи иншооти стратегии Русия кӣ сафарбар мегардад?

Барои ҳифзи иншооти стратегии Русия кӣ сафарбар мегардад?

-

Владимир Путин, Президенти Русия  фармонеро имзо намуд, ки тибқи он дар соли 2026 барои шаҳрвандони Русия, ки дар рӯйхати захираи сафарбарӣ қарор доранд, ҷамъомадҳои махсус баргузор карда мешаванд. Ин нафарон ба ҳифзи иншооти аз лиҳози стратегӣ ва ҳаётан муҳим равона карда хоҳанд шуд.

Президенти Русия ба ҳукумат супориш додааст, ки рӯйхати иншооте, ки ба гурӯҳи ҳаётан муҳим дохил мешаванд, муайян намояд. Хароҷоти баргузории ин чорабиниҳо аз ҳисоби буҷети Вазорати мудофиаи Русия маблағгузорӣ мегардад. Тағйирот ба қонунҳои федералӣ «Дар бораи мудофиа» ва «Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ворид карда мешаванд.

Дар аввали моҳи ноябр Вазорати мудофиаи Федератсияи Русия лоиҳаи қарореро дар бораи тартиби баргузории ҷамъомадҳои махсус барои нерӯҳои захиравӣ нашр кард. Дар он зикр мешавад, ки муҳлати будубоши нерӯҳои захиравӣ дар чунин ҷамъомадҳо набояд дар як сол аз шаш моҳ зиёд бошад. Давраи иштирок дар ҷамъомадҳо ба муҳлати хизмати ҳарбӣ ҳисобида мешавад. Барои вайрон кардани тартиби гузаштани ҷамъомадҳо, нерӯҳои захиравӣ ба мисли хизматчиёни ҳарбӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

4 ноябр Владимир Путин қонунеро имзо кард, ки тибқи он ҷалби нерӯҳои захиравӣ ба ҳифзи иншооти аз лиҳози стратегӣ муҳим дар замони осоишта иҷозат дода мешавад. 

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Зане, ки 41 соли умрашро ба сарсабзсозии биёбон бахшид

Ин Юйчжэн як зани деҳотӣ аз шимоли Чин аст, ки барои пешгирӣ аз биёбоншавӣ ва мубориза бо тағйирёбии ҷаҳонии...

Дания паҳн кардани дипфейкҳои воқеинамои чеҳра ва садоиро бе розигии шахс манъ мекунад

Дания ин ҳафта ният дорад лоиҳаи қонунеро пешниҳод кунад, ки паҳн кардани дипфейкҳои воқеинамои чеҳра ва садоиро бе розигии...

Нетаняҳу талаб кард, ки номи сарбозону афсарони дар филми мустанади NAZA назар додаанд, ошкор ва нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноӣ боз гардад

Сарвазири Исроил дастур додааст, ки шахсияти афсароне, ки дар филми мустанади NAZA мусоҳиба додаанд, ошкор карда шавад. Ин филм...

Ҷаласа ҷиҳати омодагиҳо ба даври сеюми Озмуни «Тоҷикистон — Ватани азизи ман»

12-уми октябри соли 2026 дар Вазорати фарҳанг бо иштироки Дилрабо Мансурӣ, муовини Сарвазири Тоҷикистон, ки ҳамзамон раиси Комиссияи Озмуни...
spot_imgspot_img

17 хатари ҷаҳонӣ ба саломатии инсон: истифодаи қасдонаи зеҳни сунъӣ яке аз онҳост

Истифодаи қасдонаи зеҳни сунъӣ ё ҷанги ҳастаӣ метавонад то соли 2100 ба мавҷудияти инсоният дар шакли имрӯзаи он хотима...

Бозори саҳомии ширкатҳои технологии ИМА пас аз хабарҳо дар бораи даромади OpenAI барқарор мешавад

Ахиран фючерсҳои саҳмияҳои ширкатҳои технологии Амрико пас аз коҳишёбӣ дубора боло рафтанд. Сабаби ин тағйирот хабар дар бораи он...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад