МУВАФФАҚИЯТРӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод. Қатънома...

Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод. Қатънома бо ташаббуси Тоҷикистон қабул шуд

-

31 августи соли 2026 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъномаи “Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод”-ро қабул намуд. Тибқи муқаррароти қатънома, оғоз аз соли 2027 ҳамасола 31 август ҳамчун Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод таҷлил карда мешавад.

Интихоби 31 август ҳамчун Рӯзи байналмилалӣ аҳамияти таърихӣ дорад, зеро 31 августи соли 1955 “Лоиҳаи тобистонаи таҳқиқотии Донишгоҳи Дартмут оид ба зеҳни сунъӣ” (The Dartmouth Summer Research Project on Artificial Intelligence) пешниҳод гардид, ки ба ҳайси яке аз ташаббусҳои муҳими илмӣ дар ташаккули зеҳни сунъӣ ҳамчун соҳаи мустақили таҳқиқотӣ ва пайдоиши истилоҳи «зеҳни сунъӣ» маъруф аст.

Дар қатънома аз ниҳодҳо, барномаҳо ва фондҳои СММ, аз ҷумла Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия, Дафтари СММ оид ба технологияҳои рақамӣ ва зуҳуркунанда, Бонки технологии СММ барои кишварҳои камтараққӣ ва ЮНЕСКО ҷиҳати мусоидат ба кишварҳои узв дар таҳияи барномаҳои тақвияти иқтидори марбут ба зеҳни сунъӣ ва таҷлили солонаи Рӯзи байналмилалӣ даъват ба амал оварда шудааст.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...

Шаршараи Ниагара рангҳои парчами давлатии Тоҷикистонро ба худ гирифт

Сафорати Тоҷикистон дар Амрико хабар медиҳад, ки ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон шаршараи боҳашамати Ниагара рангҳои парчами давлатии...

Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак!

9 сентябр — Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак бод! 35 сол қабл халқи мо роҳи худро интихоб кард —...

Ню-Йорк истифодаи зеҳни сунъиро барои хонандагони синфҳои поёнӣ барои як сол манъ мекунад

Дар шаҳри Ню-Йорк истифодаи абзорҳои тавлидкунандаи зеҳни сунъӣ барои хонандагони мактабҳои ибтидоӣ ва миёна дар соли таҳсили ҷорӣ манъ...
spot_imgspot_img

Вазири корҳои дохилӣ аз “Шаҳри ҳушманд” дидан кард

КВД “Шаҳри ҳушманд” ё Smart City Dushanbe иттилоъ медиҳад, ки 6 сентябр Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар аз маркази...

Дар бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ чӣ гузашт?

Намоишгоҳи IFA 2026 дар Берлин чӣ гуна гузашт? IFA бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ ва...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад