ОЛАМИ МАҶОЗӢБарои ворид шудан ба Қазоқистон бояд иҷозаи электронии вуруд...

Барои ворид шудан ба Қазоқистон бояд иҷозаи электронии вуруд гирифт

-

Шаҳрвандони кишварҳое, ки бо Қазоқистон низоми бидуни раводид доранд, барои ворид шудан ба ин кишвар бояд иҷозаи электронии вуруд ба даст оранд.

Дар ин бора оператори платформаи QazETA (Kazakhstan Electronic Travel Authorization), ки тавассути он иҷозаи вуруд ба кишвар ба расмият дароварда мешавад, хабар додааст.

Иҷозаи электронӣ ба муҳлати 180 рӯз дода шуда, бо он метавон чанд бор ба Қазоқистон сафар кард. Арзиши иҷозаи электронӣ барои ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ яксон будааст. Маблағи дақиқи он ҳанӯз мувофиқа мешавад.

Аз 1 ноябр гирифтани иҷозаи электронӣ барои мусофирони хатсайрҳои байналмилалии ҳавоӣ ҳатмӣ мешавад. Аз 15 ноябр ин талабот ба шахсоне, ки бо мошин аз сарҳад бо кишварҳои берун аз Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ворид мешаванд, татбиқ мегардад.

Аз 30 ноябр иҷозаи электронӣ барои гузаргоҳҳои автомобилии сарҳади Қазоқистон бо кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё низ ҳатмӣ мешавад. Аз 15 декабр ин талабот ба мусофирони қатораҳо ва шахсоне, ки тавассути бандарҳои баҳрӣ вориди кишвар мешаванд, ҷорӣ хоҳад шуд.

Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон қаблан пешниҳод карда буд, ки ворид шудан ба кишвар барои шаҳрвандони хориҷӣ пулакӣ карда шавад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...

Шаршараи Ниагара рангҳои парчами давлатии Тоҷикистонро ба худ гирифт

Сафорати Тоҷикистон дар Амрико хабар медиҳад, ки ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон шаршараи боҳашамати Ниагара рангҳои парчами давлатии...

Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак!

9 сентябр — Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак бод! 35 сол қабл халқи мо роҳи худро интихоб кард —...

Ню-Йорк истифодаи зеҳни сунъиро барои хонандагони синфҳои поёнӣ барои як сол манъ мекунад

Дар шаҳри Ню-Йорк истифодаи абзорҳои тавлидкунандаи зеҳни сунъӣ барои хонандагони мактабҳои ибтидоӣ ва миёна дар соли таҳсили ҷорӣ манъ...
spot_imgspot_img

Вазири корҳои дохилӣ аз “Шаҳри ҳушманд” дидан кард

КВД “Шаҳри ҳушманд” ё Smart City Dushanbe иттилоъ медиҳад, ки 6 сентябр Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар аз маркази...

Дар бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ чӣ гузашт?

Намоишгоҳи IFA 2026 дар Берлин чӣ гуна гузашт? IFA бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ ва...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад