МУВАФФАҚИЯТДар Варзоб Маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон ифтитоҳ шуд

Дар Варзоб Маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон ифтитоҳ шуд

-

Дар ноҳияи Варзоб Маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон ба истифода дода шуд. 23 июн Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ин маҷмааи муосири варзиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Марказ дар масоҳати 62 ҳазор метри мураббаъ бунёд шуда, дорои майдонҳои футбол бо сабзаи табиӣ ва сунъӣ, варзишгоҳ, ҳавзи шиноварӣ, толорҳои фитнес, меҳмонхона, марказҳои омӯзишӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ мебошад.

Маҷмаа барои рушди футболи кӯдакону наврасон, омодасозии мураббиён ва доварон, пешрафти футболи занона ва дастаҳои касбӣ пешбинӣ шудааст.

Лоиҳа бо дастгирии Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) ва Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) амалӣ гардидааст.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Бе мактаби рассомӣ, бо муҳаббат ба ҳунар: қиссаи Шуҳрат Ахмиддинов

Шуҳрат Ахмиддинов аз 10-солагӣ ба рассомӣ рӯй овард. Ӯ мактаби рассомӣ нахондааст, зеро, ин имкониятро надошт ва наққоширо ба...

Игор Ангеловский: мо комилан бартарӣ доштем ва бар Чин сазоворона пирӯз шудем

Сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Игор Ангеловский пирӯзии дастаашро бар мунтахаби Чин дар бозии дӯстона, ки имрӯз, 6 октябр дар шаҳри...

Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёии Айичӣ–Нагоя — 2026 ба Ватан баргаштанд

Субҳи 7 октябр дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе маросими истиқболи ҳайати варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон — иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёии Айичӣ–Нагоя...

Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илм ба муаллимаи забони англисии Гимназияи давлатии №1-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар доираи Рӯзи...
spot_imgspot_img

Парвати Рамасвами ба сармоягузорӣ барои таҳсил ва рушди малакаҳои роҳбарии занон ва духтарон таъкид кард

Ҳамоҳангсози доимии СММ Парвати Рамасвами таъкид намудааст, ки вақте мо ба таҳсил ва рушди малакаҳои роҳбарии занон ва духтарон...

Натиҷаи бозӣ мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун: 1:1

Дар бозии аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ кард.Вохӯрӣ...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад