Мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон иштироки худро дар Ҷоми Осиё-2026 бо муваффақият оғоз намуд. Дар даври якуми марҳилаи гурӯҳӣ шогирдони Далер Каёсов тими Таиландро бо ҳисоби 2:0 мағлуб карданд. Бозии навбатии мунтахаби наврасони мо рӯзи шанбе, 9 май, муқобили тими Мянмар баргузор мегардад.



