МУВАФФАҚИЯТЗанони деҳаи Момаӣ: даравгару боғпарвару чорводор

Занони деҳаи Момаӣ: даравгару боғпарвару чорводор

-

Деҳаи Момаӣ

Деҳаи Момаии ноҳияи Ховлинг 40 хоҷагӣ дошта, шуғли асосии аҳолии ин русто чорводорӣ, зироаткорӣ ва боғпарварӣ мебошад, ки нигоҳубини он асосан бар дӯши занон аст.

Агарчи шароиту имконот дар деҳаи Момаӣ маъмулӣ нест, вале занону бонувон руҳафтода нестанд, баръакс, барои зиндагии беҳтар талош мекунанд.

Саъбагул Умарова

Саъбагул Умарова, раиси занони маҳалла аст. Ӯ якҷо бо занони  деҳа дар ҳама чорабиниҳои маҳалливу ноҳиявӣ ширкат мекунанд. 

“Мо занони деҳаи Момаӣ дар заминҳои наздиҳавлигии хеш тамоми маҳсулоти кишоварзиро мекорем. Ғайр аз ин, дар заминҳои кишоварзиамон гандуму ҷав корида, ҳосили онро низ мо занҳо  меғундорем.”,-нақл мекунад Саъбагул Умарова.

Занони ин деҳаи дурдаст расму анъанаҳои хоси хешро доранд. Вақте боришот кам мегардад, занону духтарон ва ҷавонписарон ба хонаи якдигар рафта бо суруди “Ашагулон” ба сару рӯйи якдигар об мепошанд ва дуо мекунанд, ки борон борад то ғаллаи киштгардида талаф наёбад.

Мо кушиш мекунем тамоми расму ойини аз аҷдодон ба меросгирифтаро пос дорем. Аз ин рӯ, ҳар як чорабиниро бо  пиру ҷавон таҷлил мекунем.

Аз маркази ноҳия дур ҳастему ба хизматрасониҳо дастрасӣ надорем. Бинобар ин, тасмим гирифтем як сандуқеро ҳамчун хазина истифода намоем. Ҳамин тавр, 40 хоҷагӣ ҳар моҳ ба андозаи муайян дар сандуқ маблағ мегузорем ва ба касе пул лозим шуд бо фоизи паст аз он мегирад. Ин иқдоми худи ҳамин занони деҳаамон аст.”,-қайд кард Саъбагул Умарова.

Чорводорӣ шуғли муҳими сокинони деҳаи Момаӣ ба шумор меравад. Ҳамасола занон дар фасли тобистон барои зимистон қурут захира мекунанд. 

Султонбӣ Бобоева

Яке аз русуми дигари занони ин деҳа “певочӣ” ном дорад. Султонбӣ Бобоева яке аз занҳои фаъоли ин деҳа мебошад. Ӯ бо ҳамсояҳо “певочӣ” мекунанд. Расми “певочӣ” чунин аст: ду ҳамсоя ҳар шому саҳар ба хонаи якдигар 10-литрӣ шир мебаранд. Ин амал 5 — рӯзӣ идома мекунад. Яъне, агар як зан ба хонаи ҳамсояаш 5 рӯз шир бурд, боз 5 рӯз ҳамсоя ин корро такрор мекунад.  

“Вақте мо “певочӣ” мекунем, ҳам баракат зиёд мешавад ва ҳам меҳру муҳаббати ҳамсоядорӣ. Ин амал моро водор месозад, ки ҳамеша якдигар кумак намоем ва нону намаки якдигарро пос дорем. Бояд бигуям, ки “певочӣ” махсусияти худро дорад. Ҳангоми ҳаҷми ширро муайян кардан онро на ба ягон зарфи муайян, балки бо як чуби бед чен мекунанд.”,-мегӯяд Султонбӣ Бобоева.

Аксари занону бонувони деҳаи Момаӣ ҳунарманд ҳастанд. Онҳо ҳунарҳои дастиро на аз марказҳои касбомӯзӣ балки аз занони рӯзгордида омӯхтаанд.

Ҳарамгул Шарипова

Ҳарамгул Шарипова яке аз занҳои ҳунарманди деҳа мебошад. Ӯ ба духтарони ҷавон нозукиҳои ин ҳунарро меомӯзонад. Ин зани кӯҳистонӣ бо маҳсули дасти хеш дар чандин намоишҳои минтақавӣ ширкат кардааст.

Занону духтарони деҳаи Момаӣ бо вуҷуди корҳои вазнини саҳроӣ хушҳол ҳастанд. Агарчи роҳи мактаб дур аст, вале духтарон худро ба мактаб мерасонанд.

Баҳруллои Маҳмадшариф

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
7
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...

Шаршараи Ниагара рангҳои парчами давлатии Тоҷикистонро ба худ гирифт

Сафорати Тоҷикистон дар Амрико хабар медиҳад, ки ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон шаршараи боҳашамати Ниагара рангҳои парчами давлатии...

Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак!

9 сентябр — Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак бод! 35 сол қабл халқи мо роҳи худро интихоб кард —...

Ню-Йорк истифодаи зеҳни сунъиро барои хонандагони синфҳои поёнӣ барои як сол манъ мекунад

Дар шаҳри Ню-Йорк истифодаи абзорҳои тавлидкунандаи зеҳни сунъӣ барои хонандагони мактабҳои ибтидоӣ ва миёна дар соли таҳсили ҷорӣ манъ...
spot_imgspot_img

Вазири корҳои дохилӣ аз “Шаҳри ҳушманд” дидан кард

КВД “Шаҳри ҳушманд” ё Smart City Dushanbe иттилоъ медиҳад, ки 6 сентябр Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар аз маркази...

Дар бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ чӣ гузашт?

Намоишгоҳи IFA 2026 дар Берлин чӣ гуна гузашт? IFA бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ ва...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад