ҲАЁТИ СОЛИМЭпштейн сари як мансабдори дигарро хурд

Эпштейн сари як мансабдори дигарро хурд

-

Роҳбари дастгоҳи нахуствазири Британияи Кабир Морган Максвини ба истеъфо рафт ва масъулиятро барои он ба дӯш гирифт, ки маҳз ӯ тавсия дода буд Питер Манделсон, шахсе, ки бо Ҷеффри Эпштейн иртибот дошт, ба вазифаи сафири подшоҳӣ дар ИМА таъйин карда шавад.

Тибқи иттилои Sky News, лорд Манделсон моҳи сентябр аз вазифаи сафир озод шуда буд, аммо пас аз нашри ҳуҷҷатҳои нави Вазорати адлияи ИМА вобаста ба парвандаи молиявии амрикоӣ Ҷеффри Эпштейн ки дар маҷбур сохтани ноболиғон ба танфурӯшӣ гунаҳкор дониста шудааст, дубора дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеа қарор гирифт. Ба назар мерасад, ки Питер Манделсон замоне ки дар ҳукумати Британия фаъолият мекард, ба Эпштейн иттилои махфӣ мерасонд.

Морган Максвини, ки яке аз наздиктарин ҳамкорони Кир Стармер ба шумор меравад, истеъфои худро бо он шарҳ дод, ки маҳз ӯ ба нахуствазир тавсия дода буд Манделсон ба вазифаи сафири ИМА таъйин шавад ва ҳоло мехоҳад масъулияти ин қарорро бар дӯш гирад.

«Қарори таъйини Питер Манделсон иштибоҳ буд. Ӯ ба ҳизби мо, ба кишвари мо осеб расонд», — таъкид кард Максвини дар изҳороти худ.

Морган Максвини маъракаи интихоботии Кир Стармерро замоне роҳбарӣ мекард, ки ӯ барои вазифаи раиси Ҳизби лейбористӣ мубориза мебурд. Кир Стармер дар изҳороташ оид ба истеъфои роҳбари дастгоҳаш гуфт, ки барои ӯ ҳамкорӣ бо Максвини «шараф» будааст.

Питер Манделсон, ки аз ноябри соли 2004 то октябри соли 2008 комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба тиҷорат ва аз феврали то сентябри соли 2025 сафири Британия дар ИМА буд, чанд рӯз пеш аз сафи Ҳизби ҳокими лейбористӣ хориҷ шуд. Ба иттилои The Guardian, сабабаш маълумот аз «файлҳои Эпштейн» мебошад, ки гӯё ӯ аз тоҷири бадномшудаи амрикоӣ 75 ҳазор доллар гирифтааст.

Ҷеффри Эпштейн солҳои 2008–2009 барои ташкили танфурӯшӣ ҷазо адо карда буд. Ӯ 6 июли соли 2019 бо иттиҳоми маҷбур сохтани ноболиғон ба танфурӯшӣ боздошт шуда, 10 августи ҳамон сол дар камераи зиндони Манҳеттен, ки дар интизори муҳокима буд, овехта пайдо шуд. Дар декабри соли 2025 қисми аввали ҳуҷҷатҳо оид ба парвандаи Эпштейн нашр гардид.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Испания абзореро барои чен кардани нафрат дар шабакаҳои иҷтимоиро роҳандозӣ мекунад

Испания HODIO — абзоре барои чен кардани нафрат дар шабакаҳои иҷтимоиро роҳандозӣ мекунад Сарвазири Испания Педро Санчес HODIO — низоме...

Чаро зеҳни сунъӣ дар дар банақшагирии ҳамлаҳои хушунатомез машварат медиҳад. Кӣ бояд пешгирӣ кунад?

Муҳаққиқон дар интернет худро ҳамчун наврасоне муаррифӣ мекарданд, ки гӯё ният доранд дар муассисаҳои таълимӣ тирпаррониҳои оммавӣ анҷом диҳанд.Дар...

Дар Чин барои роботҳо мактаб боз шуд

Маркази инноватсионии роботҳои инсоннамои Ҳубей, ки дар Минтақаи рушди технологияҳои баланди Вуҳан, Шарқии кӯли Ухан ҷойгир аст. Гурӯҳи роботҳои...

Парлумони Аврупо: пойгоҳҳои AI ҳуқуқи муаллифонро ҳифз кунанд

Парлумони Аврупо як қатор тавсияҳоро қабул кард, ки қонунгузорон бояд роҳи ҳалли доимиро барои ҳифзи ҳуқуқи муаллиф аз истифодаи...
spot_imgspot_img

CNN: бо эҳтимоли ҳиёд ҳамла ба мактаби духтарони Минобро ИМА анҷом додааст

Наворе паҳн шудааст, ки ба назар мерасад мушаки амрикоӣ пойгоҳи баҳрии Сипоҳи посдорони инқилоби исломиро ҳадаф қарор медиҳад. Ин...

Нархи ҷаҳонии нафт афзоиш меёбад

Дар пасманзари идомаи танишҳо дар Ховари Миёна нархи ҷаҳонии нафт тамоюли болоравиро нигоҳ дошта, 10 март  бо бештар 7%...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад