МУВАФФАҚИЯТДар соҳили дарёи Душанбе Чойхонаи миллӣ бунёд мешавад

Дар соҳили дарёи Душанбе Чойхонаи миллӣ бунёд мешавад

-

Бинои Чойхонаи миллӣ. Аксҳо аз сомонаи president.tj
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар ва Рустами Эмомалӣ, Раиси шаҳри Душанбе ба корҳои сохтмонии Чойхонаи миллӣ шинос шуданд. Ин Чойхона дар дар хиёбони Ҳофизи Шерозии ноҳияи Сино, рӯ ба рӯи МД Маркази хизматрасонии «Обшорон» (Аквапарк) бунёд мешавад.
Сохтмони иншоот соли 2024 оғоз ёфта, тибқи нақша моҳи сентябри соли 2026 бояд ба анҷом расад.
«То ин вақт 80 фоизи корҳо, аз ҷумла бунёди бинои асосӣ ва хобондани конструксияҳои оҳанӣ дар қисми болои иншоот ба итмом расидааст… Тибқи маълумот, чойхона сеошёна буда, аз толорҳои кушоду барҳавои гаҷкорӣ, кандакорӣ, айвони болокушодаи замонавӣ ва 5 толори дигари қабули меҳмонони хос иборат мебошад.»,-хабар медиҳад Хадамоти матбуоти Президент.
Дар маҷмуъ мувофиқи тарҳ намои беруна, сақф ва девору толорҳои иншооти нави фарҳангиву хизматрасонӣ бо санъати баланди меъморӣ ва нақшу нигори миллӣ сохта шуда, оянда дар ин ҷо барои дар як шабонарӯз қабули 5000 мизоҷ шароити мувофиқ фароҳам оварда мешавад.
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Тоҷикистон ба SpaceX/Starlink харитаи роҳи ҳамкориро пешниҳод намуд

Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон бо дастаи SpaceX/Starlink мулоқоти кории онлайн баргузор намуд. Дар ҷараёни мулоқот...

Lenovo 33 соат бидуни пуркунии дубораи барқ кор кунад

Lenovo фурӯши ҷаҳонии ноутбуки нави IdeaPad 5 2-in-1 14Q8Y11-ро дар асоси платформаи Qualcomm Snapdragon X2 оғоз кард.  Вазни ин...

Доварони тоҷик дар семинари элитаи Конфедератсияи футболи Осиё

Дар Маркази миллии футболи шаҳри Тошканд семинари доварони элитаи Конфедератсияи футболи Осиё ҷараён дорад, ки дар он 92 довар...

То ҷашни 35-солагии истиқлоли давлат дар саросари кишвар ҳудуди 30 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ мешавад

Дар саросари кишвар бунёду азнавсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст....
spot_imgspot_img

Microsoft гурӯҳи ҳакерии Русияро ба ҳамлаҳо тавассути Wi-Fi-и меҳмонхонаҳо муттаҳам кард

Ширкати Microsoft аз як маъракаи ҳакерӣ хабар дод, ки ба инфрасохтори шабакаҳои Wi-Fi барои меҳмонон дар меҳмонхонаҳо ва марказҳои...

Roblox $70 миллиард арзиши бозории худро аз даст дод

Ширкати Roblox Corporation дар ҳисоботи семоҳаи худ эътироф кард, ки аз моҳи июли соли 2025 то моҳи июли соли...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад