ҲАЁТИ СОЛИМWorld Boxing: санҷиши ҳатмии ҷинсияти варзишгарон ҷорӣ мегардад

World Boxing: санҷиши ҳатмии ҷинсияти варзишгарон ҷорӣ мегардад

-

World Boxing санҷиши ҳатмии муайян кардани ҷинси варзишгаронро ҷорӣ мекунад. Санҷиши ҳатмии ҷинсӣ барои муайян кардани мувофиқати варзишгарон ба гурӯҳҳои мардона ва занона ҷорӣ мешавад, ки мехоҳанд дар мусобиқот ширкат варзанд. Ин санҷиш бахши сиёсати нави «ҷинс, синну сол ва вазн» хоҳад буд, то бехатарии ҳамаи иштирокчиён таъмин ва шароити баробар барои мардон ва занон фароҳам оварда шавад.

Бо назардошти расвоие, ки дар Олимпиадаи Париж соли 2024 рух дод, World Boxing ба Федератсияи бокси Алҷазоир нома фиристод, ки Иман Халиф то гузаштани санҷиши ҷинсӣ дар мусобиқоти занона, аз ҷумла Ҷоми Эйндховен ё дигар мусобиқоти World Boxing ширкат карда наметавонад.

Ҳоло ҳамаи варзишгарони аз 18-сола боло бояд санҷиши генетикии PCR-ро гузаранд. Бар асоси сиёсати нав, федератсияҳои миллӣ масъулияти гузаронидани санҷишро бар дӯш мегиранд ва бояд ҷинси варзишгарони худро ҳангоми сабти ном дар мусобиқот бо сертификати дахлдор тасдиқ кунанд. Агар сертификати натиҷаи санҷиши ҷинсӣ пешниҳод нашавад, варзишгар ба мусобиқоти World Boxing роҳ дода намешавад.

Ёдовар мешавем, ки Иман Халиф ва намояндаи Тайван Лин Юйтин дар маркази расвоии ҷинсӣ дар Олимпиадаи тобистонаи 2024 дар Париж қарор доштанд. Соли 2023 бар асари нокомӣ дар санҷиши ҷинсӣ варзишгарони Алҷазоир ва Тайван аз чемпионати ҷаҳон, ки таҳти унвони Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA) баргузор мешуд, маҳрум шуданд. Раиси IBA Умар Кремлев бе зикри номҳо гуфт, ки масъала ба натиҷаҳои санҷиши ДНК ва мавҷудияти хромосомҳои XY марбут буд.

World Boxing моҳи апрели соли 2023 таъсис ёфт ва алтернативаи IBA шуд. Кумитаи байналмилалии олимпӣ моҳи феврали соли 2025 World Boxing-ро ҳамчун созмони байналмилалӣ барои идораи бокси ҷаҳонӣ муваққатан эътироф кард. Март моҳи соли 2025 сессияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ тасдиқ кард, ки бокс дар барномаи Олимпиадаи тобистонаи 2028 дар Лос-Анҷелес таҳти роҳбарии World Boxing баргузор хоҳад шуд.

Дар акс Иман Халиф. Манбаъ: шабакаи интернет

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад