ҲАЁТИ СОЛИМГусели арӯси бемор ба хонаи падар хатост!

Гусели арӯси бемор ба хонаи падар хатост!

-

Акс аз шабакаи интернет

Дар соли сипарӣ аз рӯи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 3472,2 бону (ба 100 000 занҳои 15-49 сола) бори аввал дар ҳаёт бо ташхиси душвории ҳомиладорӣ, таваллуд ва давҷраи баъди таваллуд ба қайд гирифта шуда буданд. Гуфта мешавад, ки ба чунин мушкилӣ дучор омадани бонувони ҷавон бастагӣ дорад, ба бисёре аз масъалаҳои хонаводагӣ.

Дар ҷомеаи мо дини ислом на танҳо як рукни маънавӣ, балки роҳнамоест, ки муносибатҳои байниҳамдигариро танзим ва нақши ҳар узви оиларо маълум месозад.

Шавҳар барои нигоҳ доштани саломатии зан чӣ нақш дорад? Ислом дар ин бора чӣ таъкид кардааст?

Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, раиси Шӯрои уламо дар вилояти Суғд

Бо ин суол ба раиси Шӯрои уламои дини вилояти Суғд, Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода арз кардем:

— Мард дар ҳамаи ҳолат бояд саломатии ҳамсаршро дар мавдди аввал гузорад. Хусусан, дар ин айём, ки бисёре аз аз занҳо беморанд, камхунанд. Агар сабаби инро фикр кунем, маълум мешавад, ки бонувон сари вақт таом нахӯрдаанд, реҷаи хобро риоя накардаанд. Афсӯс, ки бархе мардҳо вақте ҳамсарашон вақте бемор шуд, нигоҳ намекунанд. Арӯси беморро ба хонаи падар гусел мекунанд. Ин хатои маҳз аст! Албатта, ҳар кас ба қадри имкон шароит муҳайё мекунад. Вақте ҳамсар бемор шуд, зарур аст, ки дарҳол ба духтур муроҷиат карда, аз паи муолиҷа шавем. Бояд дар муҳити хона иззату этироми ҳамдигарӣ ҳукм ронад. Вақте дар оила ҷанҷол ва қаҳру ғазаб сар мезанад, албатта, бемориҳо, нооромиҳо пайдо мешавад. Ҳамсарон, бахусус, оилаҳои ҷавон, кӯшиш ба харҷ диҳанд, то анъанаҳои миллии оиладориро дар ҳаёти рӯзмарра, ки гузаштагонамон ба мерос мондаанд, нигоҳ дошта тавонанд.

Файзуллохон Обидов

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
2
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Бе мактаби рассомӣ, бо муҳаббат ба ҳунар: қиссаи Шуҳрат Ахмиддинов

Шуҳрат Ахмиддинов аз 10-солагӣ ба рассомӣ рӯй овард. Ӯ мактаби рассомӣ нахондааст, зеро, ин имкониятро надошт ва наққоширо ба...

Игор Ангеловский: мо комилан бартарӣ доштем ва бар Чин сазоворона пирӯз шудем

Сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Игор Ангеловский пирӯзии дастаашро бар мунтахаби Чин дар бозии дӯстона, ки имрӯз, 6 октябр дар шаҳри...

Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёии Айичӣ–Нагоя — 2026 ба Ватан баргаштанд

Субҳи 7 октябр дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе маросими истиқболи ҳайати варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон — иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёии Айичӣ–Нагоя...

Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илм ба муаллимаи забони англисии Гимназияи давлатии №1-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар доираи Рӯзи...
spot_imgspot_img

Парвати Рамасвами ба сармоягузорӣ барои таҳсил ва рушди малакаҳои роҳбарии занон ва духтарон таъкид кард

Ҳамоҳангсози доимии СММ Парвати Рамасвами таъкид намудааст, ки вақте мо ба таҳсил ва рушди малакаҳои роҳбарии занон ва духтарон...

Натиҷаи бозӣ мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун: 1:1

Дар бозии аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ кард.Вохӯрӣ...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад