Замира Набиева, роҳбари ТҶ «Рушди инклюзия» буда, таърихи ташкилоташ ба он бармегардад, ки дар оилаи ӯ фарзанди якумаш бо маъюбият ба дунё омад. Соли 2011 расман дар Вазорати адлия созмони худро бо мақсади рушди таҳсилоти фарогир сабти ном кард. Агарчи корро аз соли 2005 оғоз кардааст.
«Мутаассифона, фарзанди маъюбиятдоштаи мо ба боғча роҳ наёфт. Ба боғча рафтем, ҷавоби рад доданд ва берун шудем, ки як зарбаи хеле калон барои мо буд. Ҳамаи мутахассисони гирду атроф мегуфтанд, ки бояд ба интернат равем. Вале мо дарк мекардем, ки дар мактаб-интернат кӯдак пурра инкишоф ёфта наметавонад, зеро, барои инкишофи хамаҷонибаи ҳар як кӯдак-оила, дастгирии падару модар зарур аст. Ман мехоҳам, ҳамаи волидайн сарфи назар аз ҳама гуна мушкилӣ фарзанди худро ҳамон тавре ки ҳаст, қабул намоянд ва рушд диҳанд.», -таъкид мекунад Замира Набиева.
Намояндагии Юнисеф дар Тоҷикистон “Ҳифзи кӯдакон ва фарогирӣ”-ро дар Тоҷикистон ғайриқаноатбахш арзёбӣ кардааст, ки кӯдакони дорои маъюбият дар роҳи ҳамроҳ шудан ба ҷомеаҳои маҳаллии худ бо монеаҳои сершумор дучор мешаванд.
Мувофиқи тадқиқоти ЮНИСЕФ тамғагузории иҷтимоӣ ва дарки манфии маъюбият монеаҳои садди роҳи кудакони дорои маъюбиятро дар дастрасӣ ба таҳсил бадтар менамоянд.
“Масалан, духтурон ва омӯзгорон фикр мекунанд, ки кӯдакони дорои маъюбият бояд дар муассисаҳои махсус ҷойгир карда шаванд, чунки дар онҷо ба онҳо метавонанд нигоҳубини махсус ва таълиме, ки волидон ва омӯзгорони муқаррарии мактаб наметавонанад расонанд, таъмин намоянд.”,-омадааст дар матлаби ЮНИСЕФ ва дар идома нигаронӣ мешавад, ки таъмини фарогирии кӯдакони дорои маъюбият дар низоми таҳсилоти умумӣ хеле душвор будаст. Сабаби он маҳдудияти инфрасохтор, захираҳои дастрас ва набудани омӯзгорони омӯзонидашуда дар самти истифодаи усулҳои гуногуни таълим мебошанд. Чунин омӯзгорон метавонанд таҳсилро барои тамоми хонандагон бо дарназардошти ниёзҳои инфиродии онҳо мутобиқ гардонанд.
Фарзанди Марҷона дорои маъюбият буда, дар яке аз мактабҳои шаҳри Турсунзода таҳсил мекунад.
Марҷона мегӯяд, ҳоло аз муносибати ҳаммактабиён ва муаллимони ин муассиса нисбат ба фарзандаш розист. Фарзандаш низ бо шавқ ба таҳсил ҳозир мешавад. Муаллимон низ кушиш мекунанд, ки онҳоро ҷудо накунанд. Қаблан дар муассисаи дигар дар шаҳри Ҳисор таҳсил мекард, вале баъд аз дарс нороҳат бармегашт. Чун ӯро аз дигарон ҷудо мекарданд.
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” «кӯдаки маъюб ба ҳаёти мукаммал дар шароите, ки шаъну эътибори ӯро таъмин намуда, барои фаъолона шомил шудан ба ҳаёти ҷамъиятӣ ба ӯ мусоидат мекунад, бо кӯдакони солим ҳуқуқи баробар дорад.»
Омӯзгор Замира Набиева таъкид мекунад, ки тибқи Конститутсияи ҶТ низ, “Ҳар шахс ҳуқуқи таҳсил дорад.” Бинобар ин, волидон фарзандони худро ба макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ бояд баранд.
“Маҳз кӯдакони дорои маъюбият низ дар 7—солагӣ ба мактаб раванд. Як устураи бузург аст, ки кӯдак ба мактаб омода нест ва барои омода кардани ӯ вақт лозим аст. Пас, дар куҷо ӯ омода бояд шавад? Чӣ тавр омода гардад, агар ӯ дар хона бимонад. Яъне ҳар кӯдак дар 7-солагӣ бояд ба мактаб равад. Аксари волидон меоянду мегӯянд, мутахассисон ба онҳо гуфтаанд, ки фарзандат омода нест. Кӯдак аллакай 8- 9-сола аст ва ҳанӯз ба мактаб нарафтааст ва хеле бад аст. Зеро, барои кӯдак мутобиқ шудан ба муҳити бегона хеле душвор аст. Чунки ҳар як кӯдак мисли ману шумо бо ҳамсолонаш беҳтар аст мутобиқ мешавад.”,-мегӯяд Набиева.
Роҳбари ТҶ «Рушди инклюзия» ба мо гуфт, дар доираи лоиҳаи «Мо гуногун, вале баробар!», ки аз моҳи январи соли равон амалӣ мекунанд, дар омӯзишҳо ба волидону омӯзгорон оид ба огоҳсозии ҳуқуқҳои кӯдакони дорои маъюбият, ҳуқуқи онҳо ба таҳсил, махсусан дар муҳити таҳсилоти умумӣ маълумот пешниҳод мекунанд ва аллакай дар шаҳри Душанбе, Ҳисор, Турсунзода, Норак, Кӯлобу Ҳамадонӣ тренингҳо гузаронида шуданд.
“Ин тарҳ нишон дод, ки бисёре аз омӯзгорон ҳуқуқи кӯдакони маъюбиятдоштаро намедонанд ва аксарият бар ин боваранд, ки чунин кӯдакон набояд дар мактаби маъмулӣ таҳсил кунанд ва барои чунин нафарон шароити вижа фароҳам бояд шавад. Аз ин рӯ, мо тасмим гирифтем, ки бо синфҳои захиравӣ дар ин мактабҳо кор кунем то ба омӯзгорон кумак намоем.»,-қайд кард Замира Набиева ва иттилоъ дод, ки то кунун дар назди мактабҳо ҳудуди 50 синфхонаи захиравӣ таъсис шудааст.
Таълими кӯдакони дорои маъюбият бо дигар ҳамсолони худ дар мактабҳои муқаррарӣ ва умумӣ бояд сурат бигирад. Зеро, таҳсилоти фарогир ба идеологияе асос ёфтааст, ки ҳама гуна табъизро нисбат ба кӯдакон истисно мекунад ва муносибати баробарро нисбати ҳама таъмин менамояд, вале барои кӯдакони дорои маъюбият шароити махсус фароҳам меорад. Таҳсилоти фарогир раванди рушди таҳсилоти умумӣ буда, дастрасии таҳсилотро барои ҳама, аз нуқтаи назари мутобиқшавӣ ба эҳтиёҷоти гуногуни ҳамаи кӯдаконро дар назар дошта, дастрасии кӯдакони маъюбиятдоштаро ба таҳсилот таъмин менамояд.
Таҳсилоти фарогир раванди таълиму тарбияест, ки дар он ҳамаи кӯдакон, новобаста аз тафовути ҷисмонӣ, равонӣ, зеҳнӣ ва дигар хусусият, ба низоми таҳсилоти умумӣ ворид шуда, бо ҳамсолони дигарашон дар як муассиса таълим мегиранд. Таҳсилоти инклюзивӣ аз ҷониби тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун рукни инсондӯстӣ ва самаранок эътироф шудааст.
М. Маҳмадзода