ОЛАМИ МАҶОЗӢЗеҳни сунъӣ метавонад шуморо нотавон нишон диҳад

Зеҳни сунъӣ метавонад шуморо нотавон нишон диҳад

-

Зеҳни сунъӣ (AI) метавонад матну идеяро пешниҳод кунад. Вале ин метавонад боиси гум шудани мавқеъи шумо дар коратон гардад, донишу малака ва тавонмандии шуморо нодуруст муаррифӣ намояд. Истифодаи зеҳни сунъӣ ба монанди ChatGPT ва системаҳои монанд барои навиштани корҳои донишҷӯён вақтҳои охир ба як таҷрибаи маъмул табдил ёфтааст.
Вале бояд донист, ки вақте кори курсӣ, рисолаи дипломӣ ё илмӣ аз ҷониби зеҳни сунъӣ навишта мешаваду донишҷӯ дар он саҳме намегузорад, як амали бад аст.
Chat GPT, ки ҳатто дар Telegram дастрас аст, бо ворид кардани дархост ба шумо тавзеҳотро бо истинод ва манбаъҳо пешниҳод месозад.
Вале бояд донист, ки гоҳо истинод аз сомонаҳои номатлуб, блогҳо, матбуоти зард пешниҳод мешаванд.
Ҳангоми истифодаи зеҳни сунъӣ (AI) барои таҳияи реферат, мақолаҳои илмӣ ё рисолаҳо хатарҳои муайян мавҷуданд.
Яке аз хатарҳо аз даст додани аслият ва ҳақуқи муаллифист. Хавфи дигар ин санҷиши нокифояи сифат ва эътимоднокии маълумот мебошад. Зеро, зеҳни сунъӣ (AI) қодир нест манбаъҳои иттилоотеро, ки бо он кор мекунад, ба таври кофӣ арзёбӣ ва тафтиш кунад. Шояд маълумоти беэътимод ё нодуруст вуҷуд дошта бошад, ки метавонад ба натиҷаҳо ва хулосаҳои кори шумо таъсири манфӣ расонад.
Инчунин хатари аз даст додани эҷодкорӣ ва тафаккури интиқодӣ вуҷуд дорад. Вақте ки AI навиштан ё таҳлили маълумотро ба ӯҳда мегирад, донишҷӯён метавонанд имкониятҳои рушди малака ва тафаккури худро, ки барои корҳои тадқиқотӣ муҳиманд, аз даст диҳанд.
Илова бар ин, хатар дар он аст, ки истифодаи зеҳни сунъӣ (AI) метавонад ба хулосаҳои нодуруст ё беасос оварда расонад. Зеро, хулосаҳои тадқиқот бояд ба таҳлили мувофиқ ва ҳамаҷониба асос ёбанд, ки зеҳни сунъӣ (AI) на ҳамеша онро таъмин мекунад.
Ҷанбаи муҳими раванди тадқиқот ин мубодилаи афкор, муҳокима ва гирифтани фикру мулоҳизаҳои дигарон мебошад. Истифодаи танҳо зеҳни сунъӣ (AI) метавонад донишҷӯёнро аз имкони гирифтани шарҳҳои арзишманд ва танқиди созанда маҳрум созад.

Зарина Ходжимуратова

Зарина Ходжимуратова, мутахассиси соҳаи техналогияи иттилоотӣ мегӯяд, навиштани реферат ба ин маъност, ки мо донишҳои андӯхтаро дар биёрем. Вале вақте донишҷӯ бидуни ҳиссагузорӣ дар навиштани матн аз зеҳни сунъӣ истифода мекунад, пас, мутахассиси соҳаи худ нахоҳад шуд.

Барои анҷоми кори бошарафона истифодаи зеҳни сунъӣ дуруст нест!

Аксҳо аз шабакаи интернет

Маълумоти бештар эксплейнери мо:

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
4
+1
4
+1
0
+1
0
+1
0
+1
1
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад