БИЗНЕС-КЛУБДодгоҳи ИМА Apple-ро барои дуздӣ гунаҳкор кард

Додгоҳи ИМА Apple-ро барои дуздӣ гунаҳкор кард

-

Додгоҳи ИМА Apple-ро дар истифодаи ғайриқонунии технологияи Masimo дар Apple Watch гунаҳкор донист
Apple ҳангоми таҳияи моделҳои Apple Watch  аз сенсорҳои нур, ки барои чен кардани сатҳи оксигени хун аст, истифода кард. Дар ҳоле, ки ширкати техналогияи тибии  Masimo барои ин техналогия патент дошт.

Masimo тобистони соли 2021 алайҳи Apple ба Комиссияи байнулмилалии тиҷорат (ITC)-и ИМА шикоят бурд. Ширкат талаб кард, ки фурӯши Apple Watch Series 6 ва моделҳои навтаре, ки оксиметрҳои набз истифода мебаранд, минбаъд аз истифодааш даст кашад.  Masimo даъво дорад, ки Apple 5 моликияти ӯро, ки патент дорад, истифода кардааст.

Додгоҳ ба хулосае омад, ки Apple воқеан моликияти зеҳнии  дигаронро истифода кардааст, аммо танҳо дар як ҳолат. Ҳоло ITC бояд қатъи фурӯши моделҳои Apple Watch дар ИМА-ро баррасӣ кунад. Қарори ниҳоӣ 10 майи соли 2023 эълон хоҳад шуд.

Apple бо қарори додгоҳ розӣ нест. Ширкати мазкур мунтазири тасмими ниҳоии Комиссияи байнулмилалии тиҷорат ҳаст.

Акс аз шабакаи интернет

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Вазири тандурустӣ аз Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент дидан кард

20-уми октябри соли равон Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо рафти хизматрасонии тиббӣ дар Беморхонаи марказии...

Воридоту содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи сигорҳои электронӣ дар кишвар манъ шуд

Тағйироти ахир ба қонун, истеҳсол, воридот, содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи системаҳои электронии интиқоли никотин, аз ҷумла сигорҳои электрониро...

OpenAI риёзидонҳоро дастгирӣ кард

Пас аз вокуниши шадиди ҷомеаи риёзидонҳо нисбат ба OpenAI, ин ширкат тасмим гирифт, ки ба як фонди дастгирии таҳқиқоти...

Канада тарҳи бунёди ноқили зериобиро барои пайвастшавӣ бо Аврупо баррасӣ мекунад

Ҳукумати Канада тарҳи маблағгузорӣ ва сохтмони хати ноқили зериобии фароатлантикиро меомӯзад, ки Канада ва Аврупоро мустақиман, бидуни убур аз...
spot_imgspot_img

Зане, ки 41 соли умрашро ба сарсабзсозии биёбон бахшид

Ин Юйчжэн як зани деҳотӣ аз шимоли Чин аст, ки барои пешгирӣ аз биёбоншавӣ ва мубориза бо тағйирёбии ҷаҳонии...

Дания паҳн кардани дипфейкҳои воқеинамои чеҳра ва садоиро бе розигии шахс манъ мекунад

Дания ин ҳафта ният дорад лоиҳаи қонунеро пешниҳод кунад, ки паҳн кардани дипфейкҳои воқеинамои чеҳра ва садоиро бе розигии...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад