МУВАФФАҚИЯТПирӯзии навраси тоҷик дар мусобиқаи IMMAF YOUTH WORLD CHAMPIONSHIP

Пирӯзии навраси тоҷик дар мусобиқаи IMMAF YOUTH WORLD CHAMPIONSHIP

-

Сунатулло Наврӯзов баъди пирӯзӣ бо рақиби украиниаш

Суннатулло Наврӯзов варзишгари навраси тоҷик дар муҳароҳибаи омехтаи ғайрикасбӣ-«IMMAF YOUTH WORLD CHAMPIONSHIP», ширкат ва мақоми аввалро соҳиб гардид. Мусобиқа санаи 17-уми августи соли равон миёни наврасони 12-17 сола дар шаҳри Абу-Дабии Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор гардид ва Суннатулло бо шикаст додани 4 рақибаш ғолиб шуд.

«Бори аввал аст, ки дар мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ иштирок мекунам. Дар беш аз 30 мусобиқаи дохилӣ иштирок намуда, мақомҳои аввалро соҳиб гардидаам. Аммо мусобиқаи хориҷи кишвар хеле фарқ мекард. Ба мушкилиҳои зиёд вохӯрдам. Дар мусобиқаи мазкур бо мағлуб кардани 4 рақиб мақоми аввалро соҳиб шудам.», — мегӯяд Суннатулло Наврӯзов.

Суннатулло зодаи шаҳри Бохтар буда, ҳоло дар Литсейи тамоюли технологии ин шаҳр дар синфи 6-ум таҳсил мекунад.

Суннатулло дар толори варзишии “ТEAMHOMIDOV” зери назари устодаш Азизҷон Ҳомидов тамрин мекунад ва то кунун ғолиби як қатор мусобиқаҳои шаҳрию ҷумҳуриявӣ гардидааст.

«Вақте дар телевизион муҳорибаҳои Ҳабиб Нурмагамедовро медидам, дар майдони муҳориба худро ба ҷойи ӯ эҳсос менамудам. Аз ин лиҳоз, ба ин навъи варзиш шавқам пайдо шуд. Ба тими варзишии «TEAMHOMIDOV» пайвастам ва ӯли 7 сол аст, ки тамрин менамоям.»,-илова намуд қаҳрамони мо.

Азизҷон Ҳомидов, мураббии Суннатулло мегӯяд, ин наврас хушахлоқ аст ва рафтори Сунатулло онҳоро водор кардааст то бештар бо ӯ кор кунанд:

«Зеро, итминон доштем, ки Суннатулло варзишгарӣ моҳир мегардад. Ӯ дар мусобиқаҳои дохилӣ бо омодагии комил зафарияташро нишон дода мақомҳои намоёнро соҳиб мегардид. Акнун ӯ дар мусобиқаи байналмилалӣ байни наврасони 12-17-сола, ки дар шаҳри Абу-Дабии Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор гардид бо мағлуб намудани 4 рақиби хеш ҷойи аввалро сазовор гардид ва аз ин муваффақияти Суннатулло «TEAMHOMIDOV» ифтихор мекунад.»,-гуфт ин мураббӣ.

Суннатулло Наврӯзов миёни 42 давлати дунё парчами кишварамонро боло бардошт. Баъди бозгашт ба Ватан ӯро дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода, раиси шаҳр Қурбон Қурбонзода, сардори Раёстаи кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон роҳбарони ташкилоту корхонаҳо, мураббиён, ва варзишгарон пешвоз гирифтанд.

Аз ҷониби раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода, ба волидони Суннатулло сипосномаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва ба худи ӯ ҷоизаҳои пулӣ тақдим карда шуд.

Наҷибулло Валиев

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
3
+1
2
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...

Имзои ёддошти тафоҳум байни Хадамоти алоқа ва Huawei барои рушди технологияҳои 5G-A ва 6G

Дар ҳошияи Форуми 5G дар шаҳри Душанбе миёни Хада моти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон ваҶДММ "Хуавей Технологии Тоҷикистон" ёддошти...

Пешниҳод ба Нетаняҳу дар ивази афв аз сиёсат дур мешавӣ!

Президенти Исроил Итсҳак Ҳерсог ба сарвазири ин кишвар Бинямин Нетаняҳу созишеро пешниҳод кардааст, ки тибқи он Нетаняҳу метавонад ду...
spot_imgspot_img

Кӣ беҳтарин хизматчии давлатии зан дар Душанбе шуд?

Дар шаҳри Душанбе ғолибони даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» муайян ва қадрдонӣ...

Тоҷикистон хостори харитаи ягонаи ҳамкориҳои маорифии Осиёи Марказӣ шуд

Тоҷикистон барои солҳои 2027–2030 харитаи роҳи минтақавии ҳамкорӣ дар соҳаи маорифро пешниҳод кард. Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад