ҲАЁТИ СОЛИМ384 сароянда барои фаъолияти сарояндагӣ ҳуҷҷатҳои соҳибкорӣ гирифтаанд

384 сароянда барои фаъолияти сарояндагӣ ҳуҷҷатҳои соҳибкорӣ гирифтаанд

-

Се саду ҳаштоду чор санъаткор дар Тоҷикистон барои фаъолияти сарояндагӣ ҳуҷҷатҳои соҳибкорӣ доштаанд. Дар нимсолаи якуми соли 2025 барои фаъолияти сарояндагӣ онҳо беш аз 429 ҳазор сомонӣ андоз пардохт кардаанд. Ҳамчунин ба ҳолати 1 июли соли 2025 дар кишвар 112 ҳунарманд аз ҳисоби сари вақт пардохт накардани маблағи андоз ба маблағи 720 ҳазор сомонӣ дар назди буҷети давлатӣ қарздор мондаанд.

Нашрияи соҳавии кумитаи андоз — «Боҷу хироҷ» дар як матлабе бо номи «Бақайдгирӣ ва андозбандии санъаткорон» менависад, ки аз ҷониби мақомоти андоз дар 6 моҳи соли 2025 дар фаъолияти ҳунармандон, хусусан, сарояндагон аз ҳисоби пурра нишон надодани даромад ва кормандони кироя (мутрибон ё навозандагон) ба маблағи 65,4 ҳазор сомонӣ андозҳои барилова ҳисоб ва ба буҷет пардохт карда шуданд.

Теъдоди ҳунармандоне, ки ба фаъолияти сарояндагӣ, барандагӣ (ровӣ дар тӯю маракаҳо), навозандагӣ, раққосӣ дар ҷашну маракаҳо, истифодаи нақлиёти махсуси автомобилӣ дар базмҳои арӯсӣ ва дигар ороишот, инчунин фаъолияти суратгирӣ, банаворгирии ҷашну маракаҳо машғуланд, дар шаҳри Душанбе ба 115 нафар, вилояти Хатлон 171 нафар, вилояти Суғд 613, Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон 62 нафар ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, дар маҷмӯъ, ба 104 нафар баробар будааст.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Шӯрои Федератсияи Русия боло бурдани боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷиронро тасдиқ кард

Шӯрои Федератсияи Русия қонунеро тасдиқ намуд, ки тибқи он боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон ба таври назаррас афзоиш меёбанд. Аз...

Шабакаҳои иҷтимоӣ бори аввал аз расонаҳои анъанавӣ пеш гузаштанд

Шабакаҳои иҷтимоӣ аввалин бор дар ҷаҳон ба манбаи асосии дастрасии ҷомеа ба иттилоот табдил ёфта, аз расонаҳои анъанавӣ, аз...

Ёде аз Акашариф Ҷӯраев

Аз "Дараи Камароб", "Ҷон додаракам", “Алла” ва даҳҳо суруди мондагор маҳсули эҷоди Акашариф Ҷӯраев, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ҳастанд. Суруду...

Қонун «Дар бораи авф» мавриди амал қарор гирифт

Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф" мавриди амал қарор гирифт. Нашрияи "Ҷумҳурият" қонунро нашр намуд. Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф"...
spot_imgspot_img

Ҳасану Ҳусейн ҳавопаймои бидуни сарнишин сохтанд

Ҳасан ва Ҳусейн ду навраси дугоник аз шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ҳавопаймои бидуни сарнишин сохтанд. Дар ин кор ба...

Оғози Форуми байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Тоҷикистон

Дар истироҳатгоҳи «Шоҳин»-и шаҳри Гулистон Форуми XI байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» ба кори худ оғоз кард. Ин чорабинӣ...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад