CАЙЁҲАТРОҲКИРО ТО ТОШКАНД 100 СОМОНӢ

РОҲКИРО ТО ТОШКАНД 100 СОМОНӢ

-

Шурӯъ аз имрӯз, 19 октябр хатсайри Хуҷанд — Тошканд тариқи автобусҳои мусофирбар аз нав барқарор гардид. Аввалин гурӯҳи мусофирон аз терминали филиали ҶСП «Холдинги Осиё» ба Тошканд- пойтахти Ӯзбекистон ҳаракат карданд.

Ҳаракати автобусҳо аз шаҳри Хуҷанд ҳамарӯза аз соати 8 — и субҳ аз терминали собиқ «Сорбон» ё худ таксопарк оғоз мешавад. Аз ҷониби шаҳри Тошканд автобус соати 18 — и бегоҳ ба самти Хуҷанд ҳаракат хоҳад кард ва нархи роҳкиро аз як самт 100 сомонӣ муқаррар шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Узбекистон бо ҳадафи пешгирӣ аз сирояти коронавирус марзҳои худро аз рӯзи 16-уми марти 2020  ба рӯйи хориҷиён баста буд…

Нашрияи “Ҳақиқати Суғд” менависад, ки Ширкати «Asian – Express» иқдомро амалӣ кард ва тасмим дорад ҳамарӯза мусофиронро аз шаҳри Хуҷанд то ба вокзали марказии шаҳри Тошканд расонад.

Акс аз Ҳақиқати Суғд

Икром Зокиров, директори филиали ҶСП “Холдинги Осиё» дар зимн гуфтааст,  ҳамарӯза хатсайри Хуҷанд – Тошканд бе танаффус фаъолият хоҳад кард. Ҳоло аз шаҳри Хуҷанд ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон 2 автобус ҳаракат мекунад ва дар оянда ҳангоми зиёд шудани талабот ва мусофирон ширкат имконият дорад шумораи автобусро дар ин масир бештар намояд.

“Барои сафар мусофиронро лозим аст, ки бо худ шиносномаи хориҷӣ ва сертификат оид ба иммунизатсия бар зидди бемории COVID – 19 — ро дошта бошанд. Дар ҳолати набудани сертификат онҳо имкон доранд ба маблағи 140 сомонӣ дар гузаргоҳи сарҳадӣ соҳиби сертификат шаванд.”, — гуфтааст Икром Зокиров.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...

Имзои ёддошти тафоҳум байни Хадамоти алоқа ва Huawei барои рушди технологияҳои 5G-A ва 6G

Дар ҳошияи Форуми 5G дар шаҳри Душанбе миёни Хада моти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон ваҶДММ "Хуавей Технологии Тоҷикистон" ёддошти...

Пешниҳод ба Нетаняҳу дар ивази афв аз сиёсат дур мешавӣ!

Президенти Исроил Итсҳак Ҳерсог ба сарвазири ин кишвар Бинямин Нетаняҳу созишеро пешниҳод кардааст, ки тибқи он Нетаняҳу метавонад ду...
spot_imgspot_img

Кӣ беҳтарин хизматчии давлатии зан дар Душанбе шуд?

Дар шаҳри Душанбе ғолибони даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» муайян ва қадрдонӣ...

Тоҷикистон хостори харитаи ягонаи ҳамкориҳои маорифии Осиёи Марказӣ шуд

Тоҷикистон барои солҳои 2027–2030 харитаи роҳи минтақавии ҳамкорӣ дар соҳаи маорифро пешниҳод кард. Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад