ОЛАМИ МАҶОЗӢApple чаро кормандашро меронад?

Apple чаро кормандашро меронад?

-

Apple як кормандашро барои нашри видео вобаста бехатарии iPhone ронданист. Ба Пэрис Кэмпбелл гуфтаанд, ки сиёсати ширкатро вайрон кардааст. Зеро, ӯ худро корманди Apple муаррифӣ намуда, дар мавзӯҳои марбут ба Apple иттилоъ нашр кардааст.

theverge.com менависад, Кэмпбелл, як модари танҳо буда,  дар Ню Йорк зиндагӣ мекунад ва соли 6-ум аст, ки дар Apple фаъолият менамояд. Ҳоло вай дар як мағозаи чаканаи Apple ба ҳайси таъмиргар кор мекунад. Ҳафтаи гузашта ин зан ба духтаре посух дод, ки iPhone-и худро дар фестивали Coachella гум кард ва сипас паёмҳои таҳдидомез дарёфт кард, ки агар вай iPhone-и худро аз ID Apple ҷудо накунад, маълумоти шахсии вай дар бозори сиёҳ фурӯхта мешавад.

«Ман дақиқ гуфта наметавонам, ки ин маълумотро аз куҷо медонам, аммо гуфта метавонам, ки дар тӯли шаш соли охир ман ба ҳайси муҳандиси сертификатсияшудаи таҷҳизот дар ширкате кор мекунам, ки бобати мева сӯҳбат карданро дӯст медорад.»,-гуфтааст Кэмпбелл ва ба духтар маслиҳат додааст, ки ба гапи тамаъҷӯён гӯш надиҳад. «Телефони шумо барои онҳо воқеан суде надорад. Шумо ягона шахсе ҳастед, ки онҳоро наҷот дода метавонед. Ман тавсия медиҳам, ки ин корро накунед.»,- тавсия додааст ин корманди ширкати Apple.

Кэмпбелл, ки аз соли 2011 ба ин сӯ  дар ТикТок навор пахш мекунад, 439 000 пайрав дорад. Кэмпбелл мегӯяд, видеоҳои ӯ хусусияти иттилоотӣ надоранд.

«Ман фикр мекунам, ки вокуниши Apple комилан баръакси он аст, ки мо худро ҳамчун як ширкат муаррифӣ мекунем ва одамонро ба андешаи ҷадид ва навоварӣ  даъват мекунем.» 

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

То ҷашни 35-солагии истиқлоли давлат дар саросари кишвар ҳудуди 30 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ мешавад

Дар саросари кишвар бунёду азнавсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст....

Microsoft гурӯҳи ҳакерии Русияро ба ҳамлаҳо тавассути Wi-Fi-и меҳмонхонаҳо муттаҳам кард

Ширкати Microsoft аз як маъракаи ҳакерӣ хабар дод, ки ба инфрасохтори шабакаҳои Wi-Fi барои меҳмонон дар меҳмонхонаҳо ва марказҳои...

Roblox $70 миллиард арзиши бозории худро аз даст дод

Ширкати Roblox Corporation дар ҳисоботи семоҳаи худ эътироф кард, ки аз моҳи июли соли 2025 то моҳи июли соли...

Telegram барои муддати кӯтоҳ аз App Store ҳазф шуд

Паёмрасони Telegram барои муддати кӯтоҳ аз мағозаи барномаҳои App Store дар саросари ҷаҳон дастнорас гардид. Сабаб он будааст, ки...
spot_imgspot_img

Яндекс барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи тиб ширкати алоҳида таъсис дод

Ширкати "Яндекс" барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ (AI) дар соҳаи тандурустӣ шахси ҳуқуқии алоҳидаеро бо номи "Яндекс мед" ба...

Мактуби Раиси Комиссияи Аврупо ба сарвазири Испания

Пас аз афзоиши вуруди муҳоҷирон ба шаҳри Сеутаи Испания, раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз кишварҳои Иттиҳоди...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад