МУВАФФАҚИЯТМуаррифии якумин барномаи тарбиягари кӯдак

Муаррифии якумин барномаи тарбиягари кӯдак

-

Якумин барномаи мобилӣ барои тарбияи фарзандон дар Душанбе 5 апрел муаррифӣ  гардид. Барномаи мазкур «Беббо» ном дошта, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо шарокати ЮНИСЕФ онро таҳия кардааст. Барнома бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ қобили дастрас аст.

Барномаи мобилии «Беббо», ин як ташаббуси минтақавии ЮНИСЕФ дар 11 кишвари Аврупо ва Осиёи Марказӣ буда, мутобиқ намудани онро барои волидон дар Тоҷикистон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пуштибонӣ кард.

Барномаи мобилии «Беббо» синну сол ва эҳтиёҷоти кӯдакро ба инобат мегирад ва онро волидон метавонанд дар яквақт истифода намуда, имконият доранд, ки якбора якчанд фарзандони то 6-солаи худро дар барнома номнависӣ кунанд.

Инчунин, барномаи мобилии «Беббо» барои дастгирӣ намудани волидон дар солҳои аввали ҳаёти фарзандон ба волидони додани имконияти қайди иммунизатсияҳо, муоинаҳои нақшавӣ ва дигар марҳилаҳои асосии рушдро пешниҳод менамояд. Барномаи мазкур барои волидони кӯдакони аз таваллуд то 6 сола пешбинӣ шудааст.

Илова бар ин, «Беббо» барои ҳар як кӯдаке, ки номнавис шудааст, мувофиқи синну сол ва ҷинси ӯ тавсияҳои инфиродӣ медиҳад. Ҳамзамон, ба ҳар яке аз волидон пойгоҳҳои таълимӣ дар шакли мақолаҳо, дастурҳои видеоӣ, тавсияҳо барои бозиҳо ва машғулиятҳои ҳаррӯза пешниҳод карда мешаванд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
3
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

То ҷашни 35-солагии истиқлоли давлат дар саросари кишвар ҳудуди 30 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ мешавад

Дар саросари кишвар бунёду азнавсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст....

Microsoft гурӯҳи ҳакерии Русияро ба ҳамлаҳо тавассути Wi-Fi-и меҳмонхонаҳо муттаҳам кард

Ширкати Microsoft аз як маъракаи ҳакерӣ хабар дод, ки ба инфрасохтори шабакаҳои Wi-Fi барои меҳмонон дар меҳмонхонаҳо ва марказҳои...

Roblox $70 миллиард арзиши бозории худро аз даст дод

Ширкати Roblox Corporation дар ҳисоботи семоҳаи худ эътироф кард, ки аз моҳи июли соли 2025 то моҳи июли соли...

Telegram барои муддати кӯтоҳ аз App Store ҳазф шуд

Паёмрасони Telegram барои муддати кӯтоҳ аз мағозаи барномаҳои App Store дар саросари ҷаҳон дастнорас гардид. Сабаб он будааст, ки...
spot_imgspot_img

Яндекс барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи тиб ширкати алоҳида таъсис дод

Ширкати "Яндекс" барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ (AI) дар соҳаи тандурустӣ шахси ҳуқуқии алоҳидаеро бо номи "Яндекс мед" ба...

Мактуби Раиси Комиссияи Аврупо ба сарвазири Испания

Пас аз афзоиши вуруди муҳоҷирон ба шаҳри Сеутаи Испания, раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз кишварҳои Иттиҳоди...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад