НАВИД7 муштзани тоҷик дар финали Чемпионати Осиё

7 муштзани тоҷик дар финали Чемпионати Осиё

-

Дар нимфинали Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни ҷавонони то 22-сола 9 нафар узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон муҳориба анҷом дода, 5 нафарашон ба финал роҳ ёфтанд. Ду нафари дигар қаблан роҳхати даври финалро гирифта буданд, ки дар умум, теъдодашон ба 7 расид ва онҳо имрӯз,  29 январ сабқати ниҳоиро анҷом медиҳанд.

Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни ҷавонони то 22-сола дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон 22 январ оғоз гардида, дар даври нимфинал миёни бонувон Сумайя Қосимова (-48кг) бе муҳориба пирӯз шуд. Ҳарифаш аз Ҷопон Ҳикару Като аз сабқат даст кашид. Варзишгарони дигарамон миёни бонувон – Малика Нозимова ва Ҳусния Холова аз ҳарифонашон шикаст хурданд ва сазовори медали биринҷӣ гардиданд.
Ба иттилои Кумитаи олимпии Тоҷикистон, миёни мардҳо Акбаралӣ Абдураҳмонзода (-51кг), Абдумалик Болтаев (-75кг), Некрӯз Салимов (80кг) ва Шаҳбоз Ҳайитов (86кг) барои ба даст овардани медали тилло талош мекунанд. Хусравхон Раҳимов (57кг) ва Расул Аҳадов (67кг) дар нимфинал мағлуб шуда, медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Ҳамин тариқ, аз 18 узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни ҷавонони то 22-сола 7 нафар ба финал роҳ ёфта, 4 нафари дигар медал биринҷӣ ба даст оварданд.
Муҳорибаҳои финалӣ бо иштироки намояндагони Тоҷикистон:
29 январ
48кг – Сумайя Қосимова – Фарзона Фозилова (Узбекистон)
51кг – Акбаралӣ Абдураҳмонзода – Муҳаммадқодир Мамирҷонов (Узбекистон)
75кг – Абдумалик Болтаев – Абдулазиз Абдупаттаев (Узбекистон)
80кг – Некрӯз Салимов – Ҷасурбек Юлдошев (Узбекистон)
86кг – Шаҳбоз Ҳаитов – Тимур Мирҷонов (Узбекистон)
92кг – Давлат Болтаев – Рустам Урусбек уулу (Қирғизистон)
+92кг – Муҳаммад Аброриддинов – Ҷаҳонгир Зокиров (Узбекистон)
Дар Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни ҷавонони то 22-сола 190 варзишгар аз 12 давлати қора иштирок доранд

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Роскомнадзор: YouTube дархости моро сарфи назар кард

Шабакаи YouTube сарфи назар аз талаботи Роскомнадзор, беш аз 60 ҳазор маводро, ки ин ниҳод ғайриқонунӣ медонад, ҳазф накарааст....

CAFA-2024: Эрон медали тиллоро соҳиб шуд

Championship CAFA 2024 байни дастаҳои занонаи то 18-сола ба поён расид. Дувумин мусобиқаи имсола таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи...

Vivo X100s-ро тавонотарин смартфон меҳисобед?

Vivo X100s тавонотарин телефон дар назарсанҷиҳои чанд ширкат дониста шудааст. Маҳсулоти нав бо эҳтимоли зиёд нимаи аввали соли 2024...

Истеҳсоли Nokia 220 4G

Ширкати HDM дар Чин телефони нави тугмадори Nokia 220 4G 2024-ро муаррифӣ кард, ки USB Type-C дорад.  Nokia 220 4G...
spot_imgspot_img

Соҳибкории иҷтимоӣ. Аз маҳбус то бехонумон гуруҳи осебпазиранд

Дар Тоҷикистон лоиҳаи қонун “Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ” таҳия мешавад, ки ҳадаф аз қабули он дастгирӣ ва рушди соҳибкории...

Бори аввал. Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт

Мунтахаби миллии Тоҷикистон оид ба футзал таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар даври 1/4 ниҳоии Ҷоми Осиё тими миллии Афғонистонро...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад