ВАРЗИШҲарифони “Истиқлол”-у “Хуҷанд” дар лигаи Чемпионҳои Осиё маълум гардид

Ҳарифони “Истиқлол”-у “Хуҷанд” дар лигаи Чемпионҳои Осиё маълум гардид

-

Акс аз сомонаи www.olympic.tj

Қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2022, ки 17 январ дар Куала Лумпур  доир гардид, ҳарифони клубҳои Тоҷикистон – “Хуҷанд” ва КМВА-ро маълум намуд. Ҳамчунин дар ин қуръакашӣ дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ба гурӯҳи “А” шомил шуд. Ҳарифони чемпиони Тоҷикистон дар марҳилаи гурӯҳӣ “Ал-Ҳилол” (Арабистони Саудӣ) ва “Ал-Райян” (Қатар), инчунин ғолиби бозии плей-офф миёни дастаҳои “Шарҷа” (АМА) ва “Ал-Завраа” (Ироқ) ҳастанд.
«Барандаи медали нуқраи Чемпионати Тоҷикистон – тими “Хуҷанд” дар гурӯҳи “F” баромад мекунад. Ҳарифонаш клубҳои “Дордой” (Қирғизистон) ва “Копетдаг” (Туркманистон) будаанд.
«Дастаи нави Ҷоми КФО – тими КМВА-и Душанбе бошад, дар гурӯҳи “Е” бозӣ намуда, барандаи медалҳои биринҷии Чемпионати мамлакатро бозиҳо муқобили клубҳои “Насаф” ё “Согдиана” (Узбекистон), “Олтин Асир” (Туркманистон) ва “Нефтчӣ” (Қирғизистон) интизор аст.»-хабар медиҳад Кумитаи олимпии Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, ки дастаҳои беҳтарини гурӯҳҳо дар финали минтақавии Ҷоми КФО-2022 вомехуранд ва ғолиби ин дидор ба даври дигар роҳхат гирифта, 100 000 доллар ҷоиза дарёфт мекунад.

Бозиҳои марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи асосии Осиё миёни клубҳо дар минтақаи Ғарб дар формати марказонидашуда аз 7 то 27 апрел доир мегардад. Дар асоси низомнома ғолибони 10 гурӯҳ аз ду минтақа, ҳамчунин 6 даста, ки бо нишондоди беҳтар ҷои дуюмро дар гурӯҳашон сазовор мешаванд, ба 1/8-финал роҳхат мегиранд. Дар сурати ба даври дигар баромадан, “Истиқлол” бозии даври 1/8-финалро 3 ё 4-уми феврали соли 2023 доир менамояд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

То ҷашни 35-солагии истиқлоли давлат дар саросари кишвар ҳудуди 30 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ мешавад

Дар саросари кишвар бунёду азнавсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст....

Microsoft гурӯҳи ҳакерии Русияро ба ҳамлаҳо тавассути Wi-Fi-и меҳмонхонаҳо муттаҳам кард

Ширкати Microsoft аз як маъракаи ҳакерӣ хабар дод, ки ба инфрасохтори шабакаҳои Wi-Fi барои меҳмонон дар меҳмонхонаҳо ва марказҳои...

Roblox $70 миллиард арзиши бозории худро аз даст дод

Ширкати Roblox Corporation дар ҳисоботи семоҳаи худ эътироф кард, ки аз моҳи июли соли 2025 то моҳи июли соли...

Telegram барои муддати кӯтоҳ аз App Store ҳазф шуд

Паёмрасони Telegram барои муддати кӯтоҳ аз мағозаи барномаҳои App Store дар саросари ҷаҳон дастнорас гардид. Сабаб он будааст, ки...
spot_imgspot_img

Яндекс барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи тиб ширкати алоҳида таъсис дод

Ширкати "Яндекс" барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ (AI) дар соҳаи тандурустӣ шахси ҳуқуқии алоҳидаеро бо номи "Яндекс мед" ба...

Мактуби Раиси Комиссияи Аврупо ба сарвазири Испания

Пас аз афзоиши вуруди муҳоҷирон ба шаҳри Сеутаи Испания, раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз кишварҳои Иттиҳоди...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад