Тағйироти ахир ба қонун, истеҳсол, воридот, содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи системаҳои электронии интиқоли никотин, аз ҷумла сигорҳои электрониро дар кишвар манъ намуд.
Баъд аз тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку”, 21 октябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба лоиҳаи ин қонун имзо гузошт.
Ёдовар мешавем, ки ахиран палатаи болоии парлумон аз таҒЙиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку” ҳимоят карда буд.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ зимни баррасӣ ва ҷонибдорӣ аз тағйиру иловаҳо ба қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» андешаҳои худро вобаста ба муҳиммияти қабули қонун баён намудааст.



