Истифодаи қасдонаи зеҳни сунъӣ ё ҷанги ҳастаӣ метавонад то соли 2100 ба мавҷудияти инсоният дар шакли имрӯзаи он хотима бахшад. Чунин хулоса дар арзёбии нави хатарҳои ҷаҳонӣ барои саломатӣ пешниҳод шудааст.
Ин ду омил дар қуллаи аҳром ё пирамидаи 17 хатари бузургтарини саломатии инсон қарор доранд, ки дар таҳқиқоти маҷаллаи The Lancet мушаххас шудаанд. Ба ин рӯйхат ҳамчунин муқовимати микроорганизмҳо ба доруҳои зиддимикробӣ, тағйирёбии иқлим, пандемияҳо, нобаробарии даромадҳо ва як қатор мушкилоти саломатӣ, аз ҷумла тамокукашӣ, фарбеҳӣ ва бемориҳои рӯҳӣ дохил мешаванд.
Тибқи таҳқиқот, ҷанги ҳастаӣ на танҳо таъсири мустақими истифодаи мушакҳои ҳастаӣ, балки оқибатҳои минбаъдаи онро низ дар бар мегирад. Яке аз чунин оқибатҳо гуруснагии ҷаҳонӣ дар натиҷаи ҷанги ҳастаӣ мебошад. Истифодаи қасдонаи зеҳни сунъӣ бошад, таҳияи силоҳи биологӣ ва истифодаи он бар зидди инсониятро низ дар назар дорад.
Таҳқиқот аз ҷониби Комиссияи нави The Lancet оид ба хатарҳои ҷаҳонӣ барои саломатӣ дар асри XXI анҷом дода шудааст. Ба ин комиссия 37 коршинос дар соҳаҳои тандурустӣ, иқтисод, амният ва технология шомиланд.
Онҳо барои муқоисаи ҳар як хатар дар давраи солҳои 2025–2100 нишондиҳандаи «солҳои умр бо назардошти маъюбӣ» (DALY)-ро истифода бурдаанд. Арзёбӣ 204 кишвар ва қаламравро фаро гирифта, синну сол, ҷинс ва сабабҳои талафоти саломатиро ба назар гирифтааст.
Дар асл, таҳқиқот нишон медиҳад, ки инсоният дар натиҷаи ҳар як хатари ҷаҳонӣ дар сенарияҳои хушбинона ва бадбинона чӣ қадар соли ҳаёти солимро аз даст дода метавонад. Он ҳамчунин тасаввурот медиҳад, ки агар ҳоло чора андешем ё баръакс, ҳеҷ кор накунем, то чӣ андоза метавонем ба вазъият таъсир расонем.
Тибқи ҳисобҳои комиссия, бори умумии 17 хатар метавонад аз 1,02 миллиард то 23,1 миллиард DALY-ро ташкил диҳад.
Дар байни ин хатарҳо, фарбеҳӣ бузургтарин бори эҳтимолии пешгиришаванда ба саломатӣ ҳисобида мешавад.
Комиссия мехоҳад ҳукуматҳоро барои омодагӣ ба хатарҳои ҷаҳонӣ ва андешидани чораҳои қатъӣ ҳавасманд ва дастгирӣ кунад. Ҳадаф аз он иборат аст, ки давлатҳо маълумот ва воситаҳои заруриро барои пешгирии сенарияҳои бадтарин дар ихтиёр дошта бошанд.
Ҳамзамон, муаллифон таъкид мекунанд, ки ҳадафи таҳқиқот тартиб додани раддабандии хатарҳо ё муайян кардани афзалиятҳои сиёсӣ нест. Ин гузориш таҳлил ва арзёбии хатарҳои ҷаҳонӣ буда, як қисми раванди доимо тағйирёбанда мебошад. Бо пайдо шудани маълумот ва далелҳои нав, хулосаҳо низ метавонанд тағйир ёбанд.
Ба гуфтаи коршиносон, «истифодаи қасдонаи зеҳни сунъӣ, аз ҷумла барои сохтани силоҳи биологӣ, ва ҷанги ҳастаӣ бо оқибати гуруснагии ҳастаӣ дар 75 соли оянда хатари аз байн рафтани инсониятро ба вуҷуд меоранд».
Бо вуҷуди ин, онҳо бар он назаранд, ки ҳамаи хатарҳо бо ҳам алоқаманданд ва даъват мекунанд, ки «низоми фарогири чораҳо бар асоси илм, ҳуқуқи инсон ва ҳамбастагӣ» таҳия карда шавад.
Пеш аз ҳама, комиссия ба ҳукуматҳои миллӣ тавсия медиҳад, ки барои таъсиси низомҳои тандурустии омода ба муқобила бо хатарҳо сармоягузорӣ кунанд. Чунин низомҳо бояд тавонанд пеш аз густариши таҳдидҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла пандемияҳое монанди COVID-19, чораҳои заруриро андешанд.
Арзёбӣ ҳар сол нав мегардад. Ҳамасола вазъи ҳамаи 17 хатари муайяншуда аз нав баррасӣ гардида, маълумоти нав ва таҳдидҳои пайдошуда ба инобат гирифта мешаванд.
Манбаъ: euronews.com



