Зеҳни сунъӣ дар ҳамлаҳои ҳакерии ахир ба бонкҳои Кореяи Ҷанубӣ истифода шудааст. Дар ин бора президенти кишвар Ли Ҷэ Мён изҳор доштааст. Ӯ даъват кардааст, ки усулҳои таъмини амнияти киберӣ мутобиқ ба таҳдидҳои давраи нави технологӣ таҳия карда шаванд.
1 октябр Shinhan Bank аз ифшои маълумоти шахсии тақрибан 25 ҳазор муштарӣ хабар дод. Ба ин маълумот ном, рақами телефон ва маълумот дар бораи даромади солонаи муштариён дохил мешаванд.
KB Kookmin Bank низ мавриди ҳамла қарор гирифтааст. Аз Hana Bank маълумоти 89 муштарӣ дуздида шудааст. Кӯшишҳои рахна ба низоми Woori Bank ва NH Nonghyup Bank низ ошкор шуданд, аммо ин бонкҳо тавонистанд дастрасии беиҷозат ба системаҳои худро сари вақт масдуд кунанд. Мақомоти Кореяи Ҷанубӣ ҳанӯз тафсилоти ин ҳамлаҳоро ошкор накардаанд.
Хабаргузории «Рёнхап» рӯзи 6 октябр аз оғози таҳқиқоти густурдаи ҳамлаҳои ҳакерӣ хабар дод. Хадамоти назорати молиявии кишвар 19 суроғаи IP-ро дар ИМА, Ҷопон ва 10 кишвари дигар муайян кардааст, ки ҳангоми ҳамлаҳои бо истифода аз зеҳни сунъӣ анҷомдодашуда истифода шудаанд.
Акс аз манбаъҳои боз



