Дар шаҳри Флоренсияи Италия нахустин маркази махсусгардонидашуда барои пешгирӣ ва мубориза бо вобастагӣ аз технологияҳои рақамӣ ва истифодаи бошууронаи он таъсис дода мешавад.
Ин аввалин ташаббуси бонизом дар Италия ба ҳисоб меравад, ки ҳадафаш коҳиш додани таъсири манфии муҳити рақамӣ, махсусан ба ҷавонон аст.
Марказ пас аз анҷоми мавсими тобистон фаъолияти худро оғоз карда, асосан бо наврасону ҷавонони аз 10 то 25-сола кор хоҳад кард.
Дар он барномаҳои гуногун, аз ҷумла:
- машваратҳои равонӣ ва иҷтимоӣ;
- дарсҳои саводнокии рақамӣ;
- машғулиятҳои касбомӯзӣ;
- бозиҳои рӯимизӣ;
- фаъолиятҳои эҷодӣ ва гурӯҳӣ ташкил карда мешаванд, то ҷавонон тавозуни байни зиндагии онлайн ва муоширати воқеиро нигоҳ доранд.
Ба гуфтаи масъули сиёсати ҷавонони Флоренсия Летисия Перини, технологияҳои рақамӣ қисми ҷудонашавандаи зиндагии наврасон гардидаанд, аз ин рӯ ҷомеа бояд онҳоро барои истифодаи дуруст ва мутавозини технологияҳо роҳнамоӣ кунад.
Ташаббускорон мегӯянд, ҳадафи онҳо манъ кардани истифодаи интернет ё шабакаҳои иҷтимоӣ нест.
Роҳбари ширкати Retesviluppo Эстер Макри мегӯяд, марказ ба ҷавонон кумак мекунад, то аз истеъмолкунандагони ғайрифаъоли муҳтавои рақамӣ ба шахсоне табдил ёбанд, ки вақти худро бошуурона идора мекунанд.
Дар баробари таъсиси чунин марказ, чанд кишвари Аврупо истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро барои кӯдакон маҳдуд мекунанд.
- Фаронса аввалин кишвари Иттиҳоди Аврупо шуд, ки аз моҳи сентябр истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро барои наврасони то 15-сола манъ мекунад.
- Британияи Кабир ният дорад барои наврасони 16 ва 17-сола дар шабакаҳои иҷтимоӣ «соати комендантӣ»-и шабона ҷорӣ кунад.
- Юнон, Словения, Шветсия ва Испания низ маҳдудиятҳои монандро барои кӯдакони то 14 ё 16-сола баррасӣ доранд.



