ҲАЁТИ СОЛИМДарёфти шаҳрвандӣ ва иҷозаи иқомат дар Русия боз сахттар...

Дарёфти шаҳрвандӣ ва иҷозаи иқомат дар Русия боз сахттар шуд

-

Думаи давлатии Русия гирифтани шаҳрвандӣ ва иҷозаи иқоматро боз ҳам сахтар кард. Тибқи тағйироти ахир шаҳрвандони хориҷӣ дар сурати доштани доғи судии бекорнашуда ё адонашуда барои ҳар гуна ҷиноят аз гирифтани шаҳрвандии Русия, иҷозаи иқомати муваққатӣ ё РВП ва иҷозаи иқомати доимӣ, яъне ВНЖ маҳрум мешаванд. То кунун танҳо шахсоне, ки барои ҷиноятҳои қасдан содиркарда доғи судӣ доштанд, аз гирифтани шаҳрвандӣ маҳрум мешуданд. Барои гирифтани РВП ва ВНЖ бошад, маҳдудият танҳо нисбат ба шахсони маҳкумшуда барои ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин амал мекард.
Ҳамчунин тибқи тағйироти ахир ба қонун роҳҳои гирифтани шаҳрвандӣ тавассути издивоҷи сохта низ баста мешавад.
Раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин мегӯяд, қаблан баъзе муҳоҷирон бо занони солманди аз ҳаштодсола боло издивоҷи расмии сохта ба қайд мегирифтанд, то шаҳрвандии Русияро ба даст оранд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...

Имзои ёддошти тафоҳум байни Хадамоти алоқа ва Huawei барои рушди технологияҳои 5G-A ва 6G

Дар ҳошияи Форуми 5G дар шаҳри Душанбе миёни Хада моти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон ваҶДММ "Хуавей Технологии Тоҷикистон" ёддошти...

Пешниҳод ба Нетаняҳу дар ивази афв аз сиёсат дур мешавӣ!

Президенти Исроил Итсҳак Ҳерсог ба сарвазири ин кишвар Бинямин Нетаняҳу созишеро пешниҳод кардааст, ки тибқи он Нетаняҳу метавонад ду...
spot_imgspot_img

Кӣ беҳтарин хизматчии давлатии зан дар Душанбе шуд?

Дар шаҳри Душанбе ғолибони даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» муайян ва қадрдонӣ...

Тоҷикистон хостори харитаи ягонаи ҳамкориҳои маорифии Осиёи Марказӣ шуд

Тоҷикистон барои солҳои 2027–2030 харитаи роҳи минтақавии ҳамкорӣ дар соҳаи маорифро пешниҳод кард. Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад