ОЛАМИ МАҶОЗӢИспания дастрасии кӯдакони то 16-соларо ба шабакаҳои иҷтимоӣ манъ...

Испания дастрасии кӯдакони то 16-соларо ба шабакаҳои иҷтимоӣ манъ мекунад

-

Интизор меравад, ки манъи истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои кӯдакони то 16-сола ҳафтаи оянда аз ҷониби Шӯрои вазирони Испания тасдиқ шавад. Сарвазири Испания изҳор дошт, ки Мадрид ноболиғонро аз «Ғарби ваҳшии рақамӣ» ҳифз хоҳад кард.
Сарвазири Испания Педро Санчес рӯзи 3 феврал дар Дубай гуфт, ки Испания дастрасии кӯдакони то 16-соларо ба шабакаҳои иҷтимоӣ манъ мекунад.
Ӯ таъкид кард: «Платформаҳо ӯҳдадор мешаванд, ки низомҳои муассири санҷиши синну солро ҷорӣ намоянд, на барои намоиш, балки монеаҳои воқеие, ки амал мекунанд».  
Ин иқдом ҷузъи бастаи васеи чораҳоест, ки ба гуфтаи Санчес, барои «барқарор кардани назорат» бар фазои рақамӣ заруранд.
Нигарониҳо дар бораи таъсири манфии истифодаи аз ҳад зиёди смартфонҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба саломатии равонии кӯдакон дар дигар кишварҳо низ вуҷуд доранд. Масалан, Дания қаблан аз нақшаи манъи истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои кӯдакони то 15-сола хабар дода буд.
Париж исрор дорад, ки чунин манъият аз моҳи сентябр ҷорӣ карда шавад. Дар Португалия бошад, ҳизби ҳокими сотсиал-демократ 2 феврал лоиҳаи қонунеро пешниҳод кард, ки тибқи он кӯдакони то 16-сола барои дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ бояд иҷозати волидонро гиранд.
Австралия аввалин кишвари ҷаҳон шуд, ки истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро барои шахсони то 16-сола манъ кард. 
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...

Шаршараи Ниагара рангҳои парчами давлатии Тоҷикистонро ба худ гирифт

Сафорати Тоҷикистон дар Амрико хабар медиҳад, ки ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон шаршараи боҳашамати Ниагара рангҳои парчами давлатии...

Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак!

9 сентябр — Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак бод! 35 сол қабл халқи мо роҳи худро интихоб кард —...

Ню-Йорк истифодаи зеҳни сунъиро барои хонандагони синфҳои поёнӣ барои як сол манъ мекунад

Дар шаҳри Ню-Йорк истифодаи абзорҳои тавлидкунандаи зеҳни сунъӣ барои хонандагони мактабҳои ибтидоӣ ва миёна дар соли таҳсили ҷорӣ манъ...
spot_imgspot_img

Вазири корҳои дохилӣ аз “Шаҳри ҳушманд” дидан кард

КВД “Шаҳри ҳушманд” ё Smart City Dushanbe иттилоъ медиҳад, ки 6 сентябр Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар аз маркази...

Дар бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ чӣ гузашт?

Намоишгоҳи IFA 2026 дар Берлин чӣ гуна гузашт? IFA бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ ва...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад