Федератсияи футболи Тоҷикистон макон ва вақти оғози бозии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё–2027 байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин-ро тасдиқ кард.
Бозии даври ниҳоии марҳилаи интихобӣ шоми (соати 19:00) 31 март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мешавад.



