ҲАЁТИ СОЛИМДастгирии лоиҳаи занони осепазир: таҷҳизоти хайётию пӯхтупаз ва чорво

Дастгирии лоиҳаи занони осепазир: таҷҳизоти хайётию пӯхтупаз ва чорво

-

Бонувоне, ки баъди омӯзиш лоиҳаҳои хешро пешниҳод ва соҳиби грант шуданд. Ноҳияи Шаҳринав

Рисолат (номи шартӣ) хушунат дидааст. Ӯ ҷойи зист надорад ва дар бинои як муассисаи давлатӣ зиндагӣ мекунад.

Ин зан дар доираи  лоиҳаи “Реинтегратсия барои занони зери хатар ва қурбониёни хушунат дар ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон”, ки бо маблағгузори Созмони байналмилалии “Acted” аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии “Маърифати шаҳрвандӣ”  амалӣ гардид, давоми як моҳ ҳунари хайётиро аз худ намуд.

Рисолат ба ҳамтақдиронаш тавсия медиҳад, ки занон бояд ҳунаре дошта бошанд, то дар сахтиҳои рӯзгор ҳунар барояшон нон диҳад ва муҳтоҷ нагарданд. Натанҳо курсҳои дӯзандагӣ, балки кусрҳои пӯхтупаз ва ғайраро гузаранд.

“Ман дар як бинои корхонае зиндагӣ мекунам. Се духтарча дорам. Барои ман касби дӯзандагӣ бисёр муҳим буд. Ҳоло як дӯзанда барои дӯхтани як курта аз 60 то 100 сомонӣ ҳақмузд мегирад. Акнун ман дар ин курс дӯзандагиро аз худ кардам, минбаъд либоси худ ва фарзандонамро медӯзам, ки барои оилаи мо кумаки бузург хоҳад шуд.”,-гуфт Рисолат.

Рисолат метавонад либоси занони дигарро дӯзад ва аз ин роҳ барои худ даромад касб кунад.

Рисолат ду навъ мошина, дарзмол ва дигар лавозими аввалия барои шурӯъи кори хайётӣ дарёфт кард

Лоиҳаи қонун “Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ”, ки соли равон қабули он дар назар аст, “барои гурӯҳҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазири аҳолӣ ҷойҳои нави корӣ таъсис додан ва ба онҳо барои иштирок дар фаъолияти фоиданоки иҷтимоӣ бо дигар шаҳрвандон имкониятҳои баробар таъмин намудан, мусоидат ба фарогирӣ, таълим, роҳнамоии касбӣ, тайёр кардан, бозомӯзӣ, такмили ихтисос ва шуғли аҳолӣ, аз ҷумла шуғли мустақилона барои гурӯҳҳои аз ҷиҳати иҷтимоии аҳолӣ осебпазир”-ро мақсадҳои соҳибкории иҷтимоӣ медонад.

Лоиҳаи “Реинтегратсия барои занони зери хатар ва қурбониёни хушунат дар ноҳияҳои тобеи марказ (Ҳисор, Шаҳринав ва Турсунзода), ки  бо дастгирии молиявии Созмони байналмилалии “Acted” аз ҷониби Ташкилоти “Маърифати шаҳрвандӣ”  амалӣ гардид, бо мақсадҳои лоиҳаи қонун “Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ” мувофиқат мекунад.

Гулшан Исоқова бобати омӯзишҳо ва натиҷаи лоиҳа ба мо нақл кард

Гулшан Исоқова ба 35 зан, ки Рисолат дар шумули онҳо буд, хайётиро омӯзонд.

“Ин занҳо аз оилаҳои камбизоат, хушунатдида ҳастанд, бархе ҷавондухтарон дар тарбияи бобову бибии пир буданд.  Як моҳ дӯзандагиро омӯхтанд. Акнун ин занҳо ба ҳамсоягон ва дигар ҳамтақдирҳои хеш кумак мекунанд. Акнун бо ин ҳунар даромад ба даст меоранд.”, -гуфт ин омӯзгор.

Дар ҳамин ҳол, Маърифат Шокирова, роҳбари ТҶ “Маърифати шаҳрвандӣ” зимни расонидани грантҳо аз ин занон даъват кард, ки ҳам ба зиндагии худ сомон бубахшанд ва ҳам дасти занони ҳамтақдири хешро бигиранд.

Ахиран 17 зани зери хатар ва қурбонии хушунат дар навоҳии Ҳисор, Шаҳринав ва Турсунзода бо пешниҳоди лоиҳаиҳои хеш соҳиби грант шуданд. Аз ҷумла, чаҳор нафар аз шаҳри Ҳисор, даҳ нафар аз ноҳияи Шаҳринав ва се нафар аз Турсунзода. Ин занон бо беш аз сад зани осебпазир давраҳои омӯзиширо гузашта буданд ва дар поёни давраҳои омӯзишӣ лоиҳаи хешро пешниҳод карданд, ки дастгирӣ ёфт. Ба бархе мошинаҳои хайётӣ, дарзмол, ба бархе таҷҳизот барои пӯхтупаз, яхдон барои нигаҳдории маҳсулот ва ба қисми дигар чорво дода шуд то оянда зиндагии хешро беҳтар карда, истиқлоли иқтисодӣ дошта бошанд.

Моҳрухсор Ибодова барои пӯхтупаз ва пешниҳоди он ба бозор таҷҳизот дархост кард, ки лоиҳааш дастгирӣ ёфт. Ӯ омода аст, ки ба занони осебпазир ҳунарашро омӯзад

Мавзӯҳои омӯзиш, ки беш аз сад зан ҷалб гардида буд, пешгирии хушунати хонаводагӣ, баробарии гендерӣ, дастгирии оилаҳои осебпазир дар самти «Ҳассосияти гендерӣ, банақшагирии тиҷоратӣ ва ғояҳои он” ва дастгирии қурбониёни хушунат барои фаро гирифтани онҳо ба касбомӯзӣ ва рушди соҳибкории онҳо буд, ки марҳилаи аввали силсилаомӯзишҳои дурӯза аз санаи 15 то 28  феврали соли равон ва марҳилаи дуюми он аз 28 март то 5 апрел  баргузор гардида буд.

Дастрас кардани чорво ба занони осебпазир

Дар умум, 128 зан дар омӯзишҳои “Тавонмандсозии иҷтимоӣ ва иқтисодии занон” дар доираи  лоиҳаи «Реинтегратсия барои занони зери хатар аз шаҳру навоҳии Ҳисор, Шаҳринав ва Турсунзода” ширкат карда буданд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
5
+1
7
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Бе мактаби рассомӣ, бо муҳаббат ба ҳунар: қиссаи Шуҳрат Ахмиддинов

Шуҳрат Ахмиддинов аз 10-солагӣ ба рассомӣ рӯй овард. Ӯ мактаби рассомӣ нахондааст, зеро, ин имкониятро надошт ва наққоширо ба...

Игор Ангеловский: мо комилан бартарӣ доштем ва бар Чин сазоворона пирӯз шудем

Сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Игор Ангеловский пирӯзии дастаашро бар мунтахаби Чин дар бозии дӯстона, ки имрӯз, 6 октябр дар шаҳри...

Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёии Айичӣ–Нагоя — 2026 ба Ватан баргаштанд

Субҳи 7 октябр дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе маросими истиқболи ҳайати варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон — иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёии Айичӣ–Нагоя...

Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илм ба муаллимаи забони англисии Гимназияи давлатии №1-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар доираи Рӯзи...
spot_imgspot_img

Парвати Рамасвами ба сармоягузорӣ барои таҳсил ва рушди малакаҳои роҳбарии занон ва духтарон таъкид кард

Ҳамоҳангсози доимии СММ Парвати Рамасвами таъкид намудааст, ки вақте мо ба таҳсил ва рушди малакаҳои роҳбарии занон ва духтарон...

Натиҷаи бозӣ мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун: 1:1

Дар бозии аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ кард.Вохӯрӣ...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад