НАВИДНатиҷаи паҳлавонони Тоҷикистон дар  “Abu Dhabi Grand Slam”: се...

Натиҷаи паҳлавонони Тоҷикистон дар  “Abu Dhabi Grand Slam”: се медал 

-

«Мусобиқа 26-28 ноябр дар шаҳри Абу Дабии Аморати Муттаҳидаи Араб бо иштироки 223 варзишгар (135 мард, 88 зан) аз 41 давлати дунё доир гашт.»,-иттилоъ медиҳад Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.  

Аз Тоҷикистон 10 нафар:Шаҳбоз Саидабуроров (60 кг), Алиҷон Сафаралиев (66 кг), Баҳром Суфиев(66 кг), Муҳаммадраҳим Сарахонов (73 кг), Сомон Маҳмадбеков (73 кг), Ҳақназар Назаров (81 кг), Хушвақт Идиев (81 кг), Ҷаҳонгир МАҶИДОВ (90 кг), Комроншоҳ Устопириён (90 кг), Темур Раҳимов (100 кг) ширкат карданд.

Дар вазни -90кг Комроншоҳ Устопириён медали нуқра, Ҷаҳонгир Маҷидов медали биринҷӣ ба даст оварданд. Медали дигари биринҷиро Темур Раҳимов дар вазни +100кг сазовор шудааст.
Комроншоҳ дар даври аввал бар намояндаи Британияи Кабир Ҷамал Петгрев, дар чорякфинал бар варзишгари Амрико Ҷон Ҷайне дар нимфинал бар намояндаи Қирғизистон Эрлан Шеров пирӯз шуда, дар финал аз варзишгари Россия Мансур Лорсанов мағлуб ва ҷои дуюмро ишғол кард.
Ҷаҳонгир дар даври аввал бар намояндаи Канада Моҳаб Элнаҳас ғолиб шуд, вале дар чорякфинал аз варзишгари Узбекистон Давлат Бобонов, ки низ медали биринҷӣ гирифт, мағлуб гардид. Ӯ сипас дар қувваозмоии тасаллобахш Франсиско Баланта (Колумбия) ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм бар Эрлан Шеров (Қирғизистон) дастболо шуд.
Темур дар даври аввал озод буд. Дар даври дуюм варзишгари Шведсия Эмил Меттсонро шикаст дод, вале дар чорякфинал аз Евгений Балйевскийи украинӣ мағлуб гардид. Ӯ сипас дар қувваозмоии тасаллобахш бар Мартти Пумалайнен аз Финландия ва дар нерӯсанҷӣ барои ҷои сеюм бар Валерий Эндовитский аз Россия дастболо шуд.

Варзишгари дигари маъруфи кишварамон Сомон Маҳмадбеков дар вазни -73кг ҷои панҷумро гирифт. Ӯ дар даври аввал озод буд. Дар даври дуюм бар Ҷас Месилосек аз Словения дастболо шуд, вале дар чорякфинал аз Ҳикматулло Тураеви узбекистонӣ, ки ҷои дуюмро гирифт, мағлуб гардид. Сомон сипас дар қувваозмоии тасаллобахш Казбек Нагучевро аз Россия мағлуб намуда, дар нерӯсанҷӣ барои ҷои сеюм аз варзишгари дигари Россия Армен Агаян шикаст хурд.

Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ шуданд. Барои ҷои аввал 5000 доллари ИМА, барои ҷои дуюм 3000 доллар ва барои ҷои сеюм 1500 доллари ИМА тақдим гардид.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Вазири корҳои дохилӣ аз “Шаҳри ҳушманд” дидан кард

КВД “Шаҳри ҳушманд” ё Smart City Dushanbe иттилоъ медиҳад, ки 6 сентябр Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар аз маркази...

Дар бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ чӣ гузашт?

Намоишгоҳи IFA 2026 дар Берлин чӣ гуна гузашт? IFA бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ ва...

Нашри “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров бо забони олмонӣ

Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума гардид. Ба иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ин кор ба ифтихори...

Душанбе мизбони фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ

Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон эълон мекунад, ки 5 сентябр дар боғи «Куруши Кабир»-и шаҳри Душанбе...
spot_imgspot_img

Тангаҳои хотиравии дорои тарҳи вижа бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ

Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон тангаҳои хотиравии дорои тарҳи вижа ва мазмуни баланди миллӣ-ватандӯстиро...

Якдоларӣ бо тасвири Трамп

Сиккахонаи Иёлоти Муттаҳида эълон кард, ки тангаи 1-доллараии соли 2026 бо тасвири президенти ИМА Доналд Трамп аз дирӯз, соати...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад