МУВАФФАҚИЯТСангнигораҳои 4-ҳазорсолаи Сойи Сабағ

Сангнигораҳои 4-ҳазорсолаи Сойи Сабағ

-

Сойи Сабағ

Деҳаи зебоманзари Сабағ дар ноҳияи Масчоҳи Кӯҳӣ дар баландии 2350 метр аз сатҳи баҳр воқеъ гардидааст. Сойи Сабағ, ки дар наздикии ин русто ҷойгир аст, сангнигораҳои (петроглифҳо) зиёдеро то кунун дар худ ҳифз кардааст. Ин  сангнигораҳо ба давраҳои гуногуни таърихӣ марбутанд. Тасвирҳо дар рӯи товасангҳои ҳамвори қаҳварангу сиёҳранг кандакорӣ шуда, хеле зич (дар як майдони 0,5 га) ҷойгир гардида, ҳудуди 1000 расми ҷудогона дар он тасвир ёфтаанд. Дар харсангҳо тасвири турҳо, бузҳои кӯҳӣ, камонварон, саҳнаҳои шикор, шаклҳои ҳандасии гуногун, шаклҳои антропоморфӣ, савораҳо, савораҳои камондор, аспҳо, аломатҳои мавҷнок, спиралӣ, доирашакл ва тасвири оинаҳо ҳаккокӣ шудаанд. Сангнигораҳои қадимтарин ба ҳазорсолаҳои  III-II пеш аз милод муттаалиқ буда, дар онҳо тасвири турҳо ё барзаговҳо, чархҳо, оинаҳо, аломатҳои мавҷнок ва аробаҳои асри биринҷӣ кашида шудааст. Инчунин, ду катиба бо хатти арабӣ низ ёфт шудааст. Аксарияти саҳнаҳо кашидашуда як навъ композитсияҳои мазмунан мураккабро ташкил медиҳанд. Ин тасвирҳо дар рӯи санг бо асбоби филизии тез бо як маҳорати баланд ҳаккокӣ гардидаанд.

Соли 2009 сангнигорҳои Сойи Сабағ аз ҷониби экспедитсияи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии А.Дониши АМИТ таҳти роҳбарии Бобомуло Бобомуллоев таҳқиқ гардида  буд. Айни замон мақолаҳои илмӣ дар бораи ин мавзеи таърихӣ дар Тоҷикистон, Фаронса, Русия, Озарбойҷон ва Қазоқистон нашр шудаанд.

Тасвири мавҷи дарё
Тасвирҳо дар харсанг
Тасвирҳои гуногун
Тасвири оина
Тасвири бузи кӯҳӣ
Тасвири буз
Тасвири тур (барзагов)
Мирзосайфидин, сокини деҳаи Сабағ барои возеҳ намудор шудани тасвир ба санг хок мепошад
Тасвири барзагов
Сойи Сабағ
Яке аз харсангҳо
Харсангҳои қаҳваӣ
Тасвири тур (барзагов)
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
4
+1
6
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

То ҷашни 35-солагии истиқлоли давлат дар саросари кишвар ҳудуди 30 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ мешавад

Дар саросари кишвар бунёду азнавсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст....

Microsoft гурӯҳи ҳакерии Русияро ба ҳамлаҳо тавассути Wi-Fi-и меҳмонхонаҳо муттаҳам кард

Ширкати Microsoft аз як маъракаи ҳакерӣ хабар дод, ки ба инфрасохтори шабакаҳои Wi-Fi барои меҳмонон дар меҳмонхонаҳо ва марказҳои...

Roblox $70 миллиард арзиши бозории худро аз даст дод

Ширкати Roblox Corporation дар ҳисоботи семоҳаи худ эътироф кард, ки аз моҳи июли соли 2025 то моҳи июли соли...

Telegram барои муддати кӯтоҳ аз App Store ҳазф шуд

Паёмрасони Telegram барои муддати кӯтоҳ аз мағозаи барномаҳои App Store дар саросари ҷаҳон дастнорас гардид. Сабаб он будааст, ки...
spot_imgspot_img

Яндекс барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи тиб ширкати алоҳида таъсис дод

Ширкати "Яндекс" барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ (AI) дар соҳаи тандурустӣ шахси ҳуқуқии алоҳидаеро бо номи "Яндекс мед" ба...

Мактуби Раиси Комиссияи Аврупо ба сарвазири Испания

Пас аз афзоиши вуруди муҳоҷирон ба шаҳри Сеутаи Испания, раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз кишварҳои Иттиҳоди...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад