ҲАЁТИ СОЛИМҲалокати 5434 нафар дар заминларзаи Туркия

Ҳалокати 5434 нафар дар заминларзаи Туркия

-

Теъдоди нафароне, ки дар ду заминларзаи рӯзи душанбе дар Қаҳрамонмараш ҷони худро аз даст доданд, ба 5434 нафар расид. Раҷаб Тайиб Эрдуғон, президенти Туркия эълом кард, ки дар 10 вилояти аз заминларза осебдида вазъи изтирорӣ эълон шудааст.

Туркияро заминларзаи 7,7 дараҷаӣ, ки соати 4:17-и 6 феврал дар ноҳияи Пазарҷиқи Қаҳрамонмарош рух дод, сахт такон дод. Худи ҳамон рӯз дар ноҳияи Элбистон соати 13:24 боз заминларзаи 7,6 ба вуқӯъ пайваст. Тибқи изҳороти раёсати офатҳои табиӣ ва изтирорӣ, дар ин заминларза дастикам 5434 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Дар 10 вилояти аз зилзила зарардида барои 3 моҳ вазъияти фавқулодда эълон карда шуд. 

Ба иттилои www.dw.com, дар Хатай: 1647 кушта, 6 ҳазору 200 нафар маҷрӯҳ шуданд
Қаҳрамонмараш: 1243 кушта, 5 ҳазор захмӣ
Газиантеп: 504 кушта, 4 ҳазору 809 захмӣ
Шанлиурфа: 121 кушта, 2 ҳазору 551 захмӣ
Диёрбоқир: 120 кушта, 854 захмӣ
Адана: 167 фавтида, 3 ҳазору 993 маҷрӯҳ
Адияман: 896 фавт, 400 захмӣ
Малатя: 201 фавт, 4 ҳазору 900 маҷрӯҳ
Усмония: 502 фавт, 2 ҳазору 173 маҷрӯҳ
Килис: 22 кушта, 518 захмӣ
Элазиг: 5 кушта, 379 захмӣ

То кунун аз 76 кишвар ва 14 созмони байналмилалӣ пешниҳоди кумакҳо дарёфт шудааст.

Тоҷикистон низ ба зарардидагони заминларза дар Туркия кумак мекунад ва 50 маъмури наҷот барои кумак сафарбар мешаванд. Тоҷикистон ҳамчунин ба осебдидагон либосу хӯрок фиристоданист.

Имомалӣ Иброҳимзода, муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, рӯзи 7-уми феврал гуфтааст, «сарони вазорату идораҳо дар ҷаласаи фаврии назди роҳбари давлат ҳастанд. Барои қабули қарор дар мавриди кумак ба Туркия.»

Акс аз www.dw.com/tr

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Роскомнадзор: YouTube дархости моро сарфи назар кард

Шабакаи YouTube сарфи назар аз талаботи Роскомнадзор, беш аз 60 ҳазор маводро, ки ин ниҳод ғайриқонунӣ медонад, ҳазф накарааст....

CAFA-2024: Эрон медали тиллоро соҳиб шуд

Championship CAFA 2024 байни дастаҳои занонаи то 18-сола ба поён расид. Дувумин мусобиқаи имсола таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи...

Vivo X100s-ро тавонотарин смартфон меҳисобед?

Vivo X100s тавонотарин телефон дар назарсанҷиҳои чанд ширкат дониста шудааст. Маҳсулоти нав бо эҳтимоли зиёд нимаи аввали соли 2024...

Истеҳсоли Nokia 220 4G

Ширкати HDM дар Чин телефони нави тугмадори Nokia 220 4G 2024-ро муаррифӣ кард, ки USB Type-C дорад.  Nokia 220 4G...
spot_imgspot_img

Соҳибкории иҷтимоӣ. Аз маҳбус то бехонумон гуруҳи осебпазиранд

Дар Тоҷикистон лоиҳаи қонун “Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ” таҳия мешавад, ки ҳадаф аз қабули он дастгирӣ ва рушди соҳибкории...

Бори аввал. Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт

Мунтахаби миллии Тоҷикистон оид ба футзал таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар даври 1/4 ниҳоии Ҷоми Осиё тими миллии Афғонистонро...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад