БИЗНЕС-КЛУБМаск барои аз даст додани сарват дар Китоби рекордҳои...

Маск барои аз даст додани сарват дар Китоби рекордҳои Гиннес

-

Илон Маск ба китоби рекордҳои Гиннес ворид шуд ва рекорди ҷаҳонии аз даст додани сарватро ба номаш сабт кард.

Мудири ширкати Tesla ва Twitter тайи як соли охир сарвати зиёди худро аз даст дод, ки китоби рекордҳои Гиннес онро сабт кардаст. Бино ба иттилои ин созмон, Илон Маск расман рекорди ҷаҳониро оид ба «аз ҳама бештар аз даст додани сарвати шахсӣ дар таърих» шикаст.

Пеш аз Маск, рекорди қаблии 58,6 миллиард доллар талафоти дороии шахсӣ аз ҷониби муассиси Softbank ва директори генералии Softbank Масайоши Сон дар соли 2000 қайд шуда буд.

Дар охири моҳи декабр хабар дода шуд, ки директори генералии Tesla аввалин ва то ҳол ягона шахсе шуд, ки 200 миллиард доллар сарвати худро аз даст додааст.

Тибқи ҳисобҳои Bloomberg, дороии Маск моҳи ноябри соли 2021 ба 340 миллиард доллар расид. Аммо саҳмияҳои Tesla, ки сарвати асосии Маскро ташкил медиҳанд, соли гузашта 65% коҳиш ёфтанд. Пас аз ин Маск Twitter-ро дар моҳи октябр харидорӣ кард ва сарваташ боз коҳиш ёфт.

Маск дигар сарватмандтарин одами рӯйи ҷаҳон нест. Ӯ ин унвонро ба Бернар Арно, раиси ширкати фаронсавии Louis Vuitton дод.

Тибқи ҳисобҳои охирини Bloomberg, дороии Маск имрӯз тақрибан 129 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Акс аз шабакаи интернет

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
3
+1
0
+1
0
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Шӯрои Федератсияи Русия боло бурдани боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷиронро тасдиқ кард

Шӯрои Федератсияи Русия қонунеро тасдиқ намуд, ки тибқи он боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон ба таври назаррас афзоиш меёбанд. Аз...

Шабакаҳои иҷтимоӣ бори аввал аз расонаҳои анъанавӣ пеш гузаштанд

Шабакаҳои иҷтимоӣ аввалин бор дар ҷаҳон ба манбаи асосии дастрасии ҷомеа ба иттилоот табдил ёфта, аз расонаҳои анъанавӣ, аз...

Ёде аз Акашариф Ҷӯраев

Аз "Дараи Камароб", "Ҷон додаракам", “Алла” ва даҳҳо суруди мондагор маҳсули эҷоди Акашариф Ҷӯраев, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ҳастанд. Суруду...

Қонун «Дар бораи авф» мавриди амал қарор гирифт

Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф" мавриди амал қарор гирифт. Нашрияи "Ҷумҳурият" қонунро нашр намуд. Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф"...
spot_imgspot_img

Ҳасану Ҳусейн ҳавопаймои бидуни сарнишин сохтанд

Ҳасан ва Ҳусейн ду навраси дугоник аз шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ҳавопаймои бидуни сарнишин сохтанд. Дар ин кор ба...

Оғози Форуми байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Тоҷикистон

Дар истироҳатгоҳи «Шоҳин»-и шаҳри Гулистон Форуми XI байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» ба кори худ оғоз кард. Ин чорабинӣ...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад