Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират, хароҷоти молиявии шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми таҳияи ҳуҷҷатҳо ва иқомат дар Русияро ҳисоб кардааст. Тибқи ҳисоби ин ниҳод дар моҳи аввал дар Маскав як муҳоҷир беш аз 71 ҳазор рубл ҳазор хароҷот дорад. Агар гаравпули илова шавад, хароҷот ба ҳудуди 87 ҳазор мерасад.
Пардохти боҷи давлатӣ барои додан ё аз нав ба расмият даровардани патент-4 200₽;
Супоридани имтиҳон аз забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Россия -3 800 ₽;
Муоинаи тиббӣ барои гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳанда тақрибан 6 800 ₽;
Полиси суғуртаи тиббӣ ё таъмини хизматрасонии тиббӣ дар Россия тақрибан 4 000 ₽;
Тарҷума ва тасдиқи нотариалии ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият 1 600₽;
Хизматрасониҳои пулакии маркази муҳоҷират (маслиҳат, қабул ва таҳияи баъзе ҳуҷҷатҳо) 6 200 ₽;
Пардохти пешакии андоз аз даромади шахсони воқеӣ барои моҳи аввал 10 000 ₽;
Ҷойи хоб дар хостел аз 1 500 то 20 000 ₽;
Иҷораи хонаи яккӯчрагӣ аз 40 ҳазор то 60 ҳазор рубл;
Гаравпулӣ ё депозит 15 000 – 60 000 ₽;
Ҷойи зист бо дигар шахсон (ҳамхонагӣ) 15 000 ₽;
Харҷи хурду хӯрок15 000 ₽;
Нақлиёти ҷамъиятӣ 3 460 ₽;
Хароҷоти алоқаи мобилӣ ва интернет 1 500 ₽. Ҳамчунин, пардохтҳои коммуналӣ, хизматрасониҳои бонкӣ, интиқоли маблағ, омодагии касбӣ ва дигар эҳтиёҷоти рӯзгор илова мешаванд.
Акси асосӣ аз манбаъҳои боз




