ҲАЁТИ СОЛИМВазири тандурустӣ аз Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент дидан...

Вазири тандурустӣ аз Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент дидан кард

-

20-уми октябри соли равон Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо рафти хизматрасонии тиббӣ дар Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент аз наздик шинос гашт. Ба иттилои маркази матбуоти вазорати тандурустӣ, вазир дар беморхонаи мазкур бо фаъолияти шуъбаҳо, аз ҷумла шуъбаҳои эҳё, гемодиализ ва эндоҷарроҳӣ пас аз таъмир дидан карда, бо ҳолати таҷҳизотҳои тиббӣ ва шароиту имкониятҳои онҳо шинос гашт.
Иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол корҳои таъмирӣ дар шуъбаи нейроҷарроҳии Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент ва Беморхонаи минтақавии Рукнобод дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд.
Баъдан, зимни суҳбат бо масъулини Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент Ҷамолиддин Абдуллозода як қатор масъалаҳои муҳими соҳаро, аз қабили пешгирии фавти модару кӯдак, таъминотнокӣ бо мутахассисони соҳа ва ба курсҳои бозомузиву давраҳои омӯзишӣ фаро гирифтани табибон, ба роҳ мондани усулҳои нави ташхису табобат, назорати қатъии беморон, аз ҷумла беморони дар ҳолати вазнин қарордошта, саривақт ҷавоб додан ба муроҷиати шаҳрвандон, истифодаи дурусти таҷҳизотҳои тиббӣ, омодагӣ ба зимистонгузаронӣ ва дигар масъалаҳоро баррасӣ намуда, баҳри рафъи мушкилоту камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа ба роҳбарияти муассисаи тандурустии шаҳри мазкур дастуру супоришҳои мушаххас додааст.
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Воридоту содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи сигорҳои электронӣ дар кишвар манъ шуд

Тағйироти ахир ба қонун, истеҳсол, воридот, содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи системаҳои электронии интиқоли никотин, аз ҷумла сигорҳои электрониро...

OpenAI риёзидонҳоро дастгирӣ кард

Пас аз вокуниши шадиди ҷомеаи риёзидонҳо нисбат ба OpenAI, ин ширкат тасмим гирифт, ки ба як фонди дастгирии таҳқиқоти...

Канада тарҳи бунёди ноқили зериобиро барои пайвастшавӣ бо Аврупо баррасӣ мекунад

Ҳукумати Канада тарҳи маблағгузорӣ ва сохтмони хати ноқили зериобии фароатлантикиро меомӯзад, ки Канада ва Аврупоро мустақиман, бидуни убур аз...

Зане, ки 41 соли умрашро ба сарсабзсозии биёбон бахшид

Ин Юйчжэн як зани деҳотӣ аз шимоли Чин аст, ки барои пешгирӣ аз биёбоншавӣ ва мубориза бо тағйирёбии ҷаҳонии...
spot_imgspot_img

Дания паҳн кардани дипфейкҳои воқеинамои чеҳра ва садоиро бе розигии шахс манъ мекунад

Дания ин ҳафта ният дорад лоиҳаи қонунеро пешниҳод кунад, ки паҳн кардани дипфейкҳои воқеинамои чеҳра ва садоиро бе розигии...

Нетаняҳу талаб кард, ки номи сарбозону афсарони дар филми мустанади NAZA назар додаанд, ошкор ва нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноӣ боз гардад

Сарвазири Исроил дастур додааст, ки шахсияти афсароне, ки дар филми мустанади NAZA мусоҳиба додаанд, ошкор карда шавад. Ин филм...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад