Дания ин ҳафта ният дорад лоиҳаи қонунеро пешниҳод кунад, ки паҳн кардани дипфейкҳои воқеинамои чеҳра ва садоиро бе розигии онҳо манъ мекунад.
Тағйироти пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф» бояд ҳам шаҳрвандони одӣ ва ҳам ҳунармандонро аз тақлидҳои рақамии баромадҳои онҳо ҳимоя кунад.
Дипфейкҳо тасвирҳо, наворҳо ё сабтҳои садоие мебошанд, ки бо истифода аз зеҳни сунъӣ сохта ё тағйир дода мешаванд то чунин намояд, ки гӯё шахс чизеро мегӯяд ё амалеро анҷом медиҳад, ки дар асл рух надодааст. Аз онҳо барои паҳн кардани маълумоти бардурӯғ ё таҳқири шахсони дар тасвирҳо инъикосшуда низ истифода мебаранд.
Вазири фарҳанги Дания Зения Стампе дар изҳороти худ навиштааст: «Бо ёрии зеҳни сунъӣ метавон бо чанд пахши тугма наворҳо ва тасвирҳои таҳрифшударо эҷод карда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намуд».
Лоиҳаи қонун тавофуқи васеи сиёсиеро амалӣ мекунад, ки моҳи июни соли 2025 вазири вақти фарҳанг Якоб Энгел-Шмидт дар замони ҳукумати қаблӣ барои ҳимояи одамон аз тақлидҳои рақамии бе иҷозати онҳо бадастомада буд.
Дар санад барои ҳаҷв, тақлид, карикатура ва танқиди мақомот ва ҷомеа истисноҳо пешбинӣ шудаанд. Аммо ин истисноҳо ба маълумоти бардурӯғе дахл нахоҳанд дошт, ки барои ҳуқуқи дигарон, манфиатҳои ҳаётан муҳим, ҳаёт ё молу мулки онҳо хатари ҷиддии муайян эҷод мекунад.
Ташаббуси Дания дар ҳоле пешниҳод мешавад, ки кишварҳои ҷаҳон барои муқобила бо рушди босуръати технологияҳои зеҳни сунъӣ талош доранд.
Дания паҳн кардани дипфейкҳои воқеинамои чеҳра ва садоиро бе розигии шахс манъ мекунад
-



