Дар саросари кишвар бунёду азнавсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст. Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки 1 июли соли 2026-ум 31 377 иншоот мавриди истифода қарор гирифта, иҷрои нақша 106,3 фоизро ташкил дод. Илова бар ин, дар 1 412 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ идома дошта, баъди ба истифода супоридани онҳо шумораи умумии иншооти ҷашнӣ ба 32 789 адад, ё 111 фоизи нақша, хоҳад расид.
То ҷашни 35-солагии истиқлоли давлат дар саросари кишвар ҳудуди 30 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ мешавад
-



